27 Сентябр 2026,
якшанбе, 17:55, Душанбе
14.05.2026 11:03

Рейтерз: Чин равобити стратегӣ бо Эронро қурбонии хостаи Амрико намекунад

Доналд Трамп, президенти Амрико талош хоҳад кард Чинро барои коҳиши ҳимоят аз Эрон қонеъ кунад, аммо Пекин арзиши муттаҳиде монанди Эронро медонад.

Ҳамзамон бо ҳузури Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар Чин, хабаргузории “Рейтерз” дар гузориши муфассал ба масъалаи рақобати Амрико ва Чин бар сари Эрон пардохта ва навиштааст, ки давлати Доналд Трамп умедвор аст Пекин метавонад Теҳронро ба сӯи созиш бо Вашингтон баргардонад, аммо дар муқобил, Чин тамоюли чандоне ба камранг кардани равобити стратегии худ бо Эрон надорад.

Бар асоси ин гузориш, таҳлилгарон бовар доранд ҳарчанд мумкин аст Си Ҷинпин бо тарғиби раҳбарони Эрон ба бозгашт ба мизи музокирот мувофиқат кунад, аммо ғайриимкон аст, ки ҳимояти иқтисодӣ аз муҳимтарин шарики Пекин дар Ховари Миёнаро коҳиш диҳад ё содироти молҳои мавриди ниёзи артиши Эронро боздорад.

Рейтерз менависад дар муқобил, Трамп низ абзорҳои қобили таваҷҷуҳе барои фишор бар Чин дар ихтиёр дорад, аз ҷумла таҳдид ба таҳрими бонкҳои бузурги чинӣ ва ғайра. Бо ин ҳол, истифода аз ин абзорҳо метавонад масрафҳои зиёде ва ҳатто ғайриқобили таҳаммул барои иқтисоди Амрико бо худ дошта бошад.

Ин гузориш меафзояд, умедҳо барои дастёбии Эрон ва Амрико ба тавофуқе ҷиҳати поён додан ба даргириҳо, ки сабабгори афзоиши нархи нафт шудааст, ба таври қобили таваҷҷуҳе коҳиш ёфтааст ва оташбас миёни ду тараф низ беш аз қабл осеб дидааст.

Ба навиштаи Рейтерз, ду манбаи огоҳ аз барномарезиҳои нишастҳои ахир миёни мақомоти амрикоӣ ва чинӣ гуфтаанд, ки мушовирони Трамп, Чинро ба унвони бузургтарин харидори нафти Эрон, яке аз муҳимтарин бозигароне медонанд, ки тавони мутақоид кардани тасмимгирандагони эрониро барои ниҳоӣ кардани тавофуқ бо Вашингтон дорад. Бо ин ҳол, дар шароите, ки Амрико абзори кофӣ барои водор кардани Чин дар ихтиёр надорад, талош мекунад раҳбарони Пекинро қонеъ кунад, ки поёни ҷанг ба суди манофеи худи Чин аст.

Рейтерз дар идома ба манофеи гуногуни Чин дар ин буҳрон ишора карда ва навиштааст, ки Пекин аз як сӯ хостори боз мондани тангаи Ҳурмуз аст: гузаргоҳе ки неруҳои низомии Эрон гузар аз онро маҳдуд кардаанд. (Ҳудуди аз панҷ як ҳиссаи нафти ҷаҳон ва бахши бузурге аз нафти мавриди ниёзи Чин аз ин масир убур мекунад). Аммо аз сӯи дигар, Эрон ҳамчунон як муттаҳиди стратегии муҳим барои Чин дар минтақа маҳсуб мешавад ва нақши мувозинагар дар баробари Амрикоро дорад. Афзун бар ин, ҷанги ҷорӣ бо вуҷуди осебҳои иқтисодӣ барои Чин омиле гаштааст, ки тамаркузи низомӣ ва дипломатии Амрико аз минтақаи Ҳинд - Уқёнусияи Ором берун шавад. Яъне масъалае, ки ба суди Пекин арзёбӣ мешавад.

Бар ҳамин асос, таҳлилгарон муътақиданд ин омилҳо монеъ аз он хоҳад шуд, ки Си Ҷинпин аз нуфузи густардаи Чин бар Эрон барои водор кардани Теҳрон ба пазируфтани имтиёзҳои асосӣ истифода кунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.