Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Боздиди Сарвари давлат аз корхонаи саноатии “Зонгшен” дар шаҳри Чонгчин
13-уми май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Чонгчин аз ширкати калони саноатии “Зонгшен” дидан карданд.
Тибқи иттилои дастрас, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо навъу намудҳои техникаи сабуку вазнин, мототсиклҳои дучарха ва сечарха, дучархаҳои варзишӣ, муҳаррикҳои гуногун, мошинҳои хурду калони кишоварзӣ, авиатсионӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ барои техникаҳои мухталиф шинос шуданд. Ҳамчунин, намояндагони ширкати мазкур ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи хатҳои муосири истеҳсолӣ, иқтидору имкониятҳои корхона ва нақшаҳои ҳамкорӣ бо дигар кишварҳои олам маълумот доданд.
Гуфта мешавад, ки ширкати “Зонгшен” яке аз ширкатҳои пешсафи Чин дар соҳаи мошинсозӣ буда, маҳсулоташ ба даҳҳо кишвари ҷаҳон содир мешавад. Дар он дар як сол 20 миллион муҳаррики гуногун истеҳсол карда мешавад, ки 60 дар сади он ба содирот нигаронида мешавад.
“Зимни шиносоӣ бо иқтидори корхона Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти имкониятҳои бузурги Тоҷикистон аҳамияти ҷалби сармояи чинӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосирро дар рушди саноати ватанӣ таъкид намуданд. Ҳамчунин, масъалаҳои таъсиси корхонаҳои муштарак ва ташкили истеҳсолоти саноатӣ дар ҳудуди Тоҷикистон баррасӣ шуда, аҳамияти он барои рушди соҳаи саноат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир муҳим арзёбӣ гардид”- , навиштааст хадамоти матбуоти Президенти мамлакат.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”