Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Миёни Тоҷикистону Чин 31 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид
12-уми май дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин доир гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин зимни музокирот дар қолаби васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҷонибҳо ва дар қолаби маҳдуд, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмии пурра ва эътимоди амиқ доир гардиданд, доираи васеи масъалаҳои ҳамкории ду кишварро дар қолабҳои дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ намуданд.
Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Чин 31 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Роҳбарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин зери Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин роҷеъ ба таъмиқи ҳамкории ҳамаҷониба ва шарокати стратегӣ дар даврони нав ва Аҳднома оид ба ҳамҷавории неку абадӣ, дустӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин имзо гузоштанд.
Гуфта мешавад, ки ин санад бо шиори зерин амал хоҳад дошт: «Дӯстӣ-абадан, душманӣ-ҳеҷ гоҳ».
Санадҳои дигари имзошуда инҳоянд:
— Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2027-2028;
— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби Коммунистии Чин барои солҳои 2026-2028;
— Номаҳои табодулӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба лоиҳаи расонидани кумаки техникӣ;
— Ёддошти тафоҳум оид ба таъсиси Маркази муштараки ҳамкорӣ дар татбиқи зеҳни сунъии Чин — Тоҷикистон;
— Ёддошти тафоҳум дар бораи таҳкими ҳамкорӣ дар асоси эътимоди рақамӣ дар соҳаи тиҷорат миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин;
— Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба густариши ҳамкории илмӣ ва инноватсионии технологӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ;
— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ;
— Нақшаи чорабиниҳо миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маъданҳои “сабз” барои солҳои 2026–2028;
— Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Чин (CIDCA) оид ба татбиқи муштараки нақшаи ҳамкорӣ дар соҳаи рушди захираҳои инсонӣ барои соли 2026;
— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи содирот миёни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бюро оид ба рушди содироти назди Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин;
— Номаҳои табодулӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба лоиҳаи гузаронидани асосноккунии техникию иқтисодии таҷдиди инфрасохтори гузаргоҳи сарҳадии Кулма;
— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Медиакорпоратсияи Чин;
— Созишнома миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои Чин оид ба мусоидати рушди савдои байналмилалӣ дар бораи таъсиси Шурои корӣ;
— Харитаҳои роҳ оид ба ҳамкории илмиву техникӣ дар соҳаи метрология барои солҳои 2026-2031 миёни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи давлатӣ оид ба танзими бозори Ҷумҳурии Мардумии Чин;
— Номаҳои табодулӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба лоиҳаи таъмини таҷҳизоти озмоишгоҳӣ ҷиҳати муайянсозӣ ва назорати сифат дар Тоҷикистон;
— Барномаи ҳамкорӣ миёни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии Ҷумҳурии Мардумии Чин;
— Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати манзил ва рушди шаҳру деҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон;
— Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба тақвияти мубодилаи илмӣ, техникӣ ва гуманитарӣ;
— Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ ва корҳои деҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба кумаки муштарак дар таъсиси Парки инноватсионии илмию техникии кишоварзии Тоҷикистону Чин;
— Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2026-2029;
— Протоколи ҳусни ният миёни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Мардумии Чин;
— Протокол миёни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи гумруки Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи талаботи санҷиш ва карантин барои воридот ва содироти гушти мурғ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин;
— Протокол миёни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи гумруки Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба талаботи фитосанитарӣ ҳангоми содироти меваҳои донакдор (олу ва зардолу) аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин;
— Ёддошти тафоҳум миёни Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи давлатӣ оид ба танзими бозори Ҷумҳурии Мардумии Чин;
— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Медиакорпоратсияи Чин;
— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Медиакорпоратсияи Чин;
— Ёддошти тафоҳум миёни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” ва Агентии иттилоотии Синхуаи Чин оид ба ҳамкорӣ;
— Ёддошти тафоҳум миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи Чини муосир ва тадқиқоти ҷаҳонӣ оид ба таъсиси Маркази омӯзиши модернизатсияи Чин;
— Созишнома миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Фонди байналмилалии омузиши забони чинӣ ва Донишгоҳи педагогии Синзян дар бораи рушди муштараки Институти Конфутсий.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”