Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Покистон гузоришҳо дар бораи пинҳон кардани ҳавопаймоҳои эрониро рад кард
Покистон гузориши шабакаи “Сӣ-би-эс” (CBS) дар бораи пинҳон кардани ҳавопаймоҳои эронӣ дар пойгоҳи ҳавоии “Нурхон”-и ин кишварро рад кард.
Вазорати корҳои хориҷаи Покистон рӯзи сешанбе, 12-уми май бо интишори баёнияе гуфтааст, ки гузориши шабакаи “Сӣ-би-эс”-ро ба унвони гузориши гумроҳкунанда ва ҷанҷолӣ рад мекунад ва чунин ривоятҳоро барои субот ва сулҳ дар минтақа хатарнок медонад.
Дар баёния омадааст: “Пас аз оташбас ва дар ҷараёни даври нахустини музокироти Исломобод, шуморе аз ҳавопаймоҳои Эрон ва Иёлоти Муттаҳида барои мусоидат ба сафари бехатари кормандони дипломатӣ, гурӯҳҳои амниятӣ ва кормандони идории вобаста бо раванди гуфтугӯҳо вориди Покистон шуданд”.
Ба гуфтаи ин вазорат, бархе ҳавопаймоҳо ва неруҳои пуштибонӣ муваққатан дар Покистон боқӣ монданд, то барои даврҳои баъдии музокирот омода бошанд.
Вазорати хориҷаи Покистон афзудааст, ки ҳавопаймоҳои эронӣ, ки акнун дар Покистон ҳастанд, дар давраи оташбас вориди ин кишвар шудаанд ва ҳеч гуна иртиботе бо ҳар навъ вазъияти низомӣ ё иқдомоти пешгирона надоранд.
Ба гуфтаи Вазорати хориҷаи Покистон, иддаоҳое, ки хилофи ин мавзуъро матраҳ мекунанд, сирфан гумоназанӣ, гумроҳкунанда ва комилан ҷудо аз воқеиятҳои мавҷуд ҳастанд.
Рӯзи гузашта, шабакаи “Сӣ-би-эс” ба нақл аз мақомоти амрикоӣ гузориш дод, ки Эрон шуморе аз ҳавопаймоҳои худро ба хотири дар амон мондан аз ҳамлаҳои Амрико дар Покистон пинҳон кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”