27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:50, Душанбе
12.05.2026 14:32

“CNN”: “Трамп ба таври ҷиддӣ дар ҳоли баррасии азсаргирии ҷанг бо Эрон аст”

Шабакаи хабарии “Си-эн-эн” (CNN) ба нақл аз манобеи худ гузориш дода, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ба таври ҷиддӣ дар ҳоли баррасии гузинаи азсаргирии як амалиёти густарда бар зидди Эрон аст.

Си-эн-эн рӯзи сешанбе, 12-уми май хабар дода, ки Кохи Сафед ба далели идомаи баста будани тангаи Ҳурмуз дар ҳоли “аз даст додани сабри худ” аст.

Бар асоси гузориш, дар дохили Кохи Сафед дастаҳои мухталифе вуҷуд дорад, ки ҳар кадом рӯйкарди гуногун дар бораи Эрон пешниҳод мекунанд.

Тибқи гузориш, бархе аъзои давлати Амрико аз сиёсати ҷангталабона ҳимоят мекунанд, ки шомили ҳамла ба Эрон барои тазъифи мавқеияти он мешавад.

Си-эн-эн афзудааст, ки дар муқобил гурӯҳи дигар ҳамчунон бар идомаи талошҳои дипломатӣ таъкид доранд.

Ин шабака ҳамчунин, афзудааст, ки бархе афрод дар ҳалқаи наздикони Трамп мехоҳанд Покистон, ки нақши миёнарав дар гуфтугӯҳои Амрико ва Эронро дорад, мавзеъи Вашингтонро бо диққати бештаре ба Теҳрон интиқол кунад.

Ин шабака таъкид кардааст, ки Трамп эҳтимолан пеш аз сафари худ ба Чин, тасмими ниҳоӣ дар бораи Эронро ироа нахоҳад кард.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.