Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Мулоқоти Президент мамлакат бо раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Ҷао Леҷӣ
Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Президенти кишвар, дар шаҳри Пекин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Ҷао Леҷӣ мулоқот намуданд.
Манбаъ меафзояд, ки дар вохӯрӣ Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки “Мо ҷонибдори идомаи босамари робитаҳои байнипарлумонӣ мутобиқ ба манфиатҳои муштараки ду кишвар ҳастем”.
Гуфта мешавад, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таъсис ва оғози фаъолияти Комиссияи байнипарлумонии Тоҷикистону Чин, ки нахустин ҷаласаи он моҳи ноябри соли 2025 дар шаҳри Пекин баргузор гардид, истиқбол намуданд.
"Дар идома масъалаҳои табодули таҷриба дар соҳаи фаъолияти парлумонӣ, аз ҷумла дар самти такмили қонунгузорӣ ва мутобиқсозии он ба талаботи муосир, дастгирии навовариҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамию зеҳни сунъӣ, гузариш ба энергетика ва саноати “сабз”, рушди робитаҳо дар соҳаи фарҳангию башарӣ ва дигар самтҳои мавриди назари муштарак муҳокима гардиданд", - зикр мекунад манбаъ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”