Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Вохӯрии ҳайати Маҷлиси намояндагон бо cафири Фаронса оид ба ҳуқуқи инсон
Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш бо сафири Фаронса оид ба ҳуқуқи инсон ва масъул оид ба пешбурди ҷанбаи байналмилалии Ҳолокост Изабел Ром мулоқот карданд.
Тавре ки маркази матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаронсаро дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон баррасӣ намуда, ба мубориза бар зидди табъиз ва таҳкими нақши занон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.
“Аҳамияти хоса ба табодули таҷриба дар пешбурди сиёсати ҳуқуқи инсон, такмили заминаи ҳуқуқӣ ва дастгирии ташаббусҳои байналмилалӣ, ки ба ҳифзи озодиҳо ва арзишҳои бунёдии инсон равона шудаанд, зоҳир гардид”, - навиштааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки дар вохӯрӣ Мавсума Муинӣ кӯшишҳои Тоҷикистонро ҷиҳати таҳкими механизмҳои институтсионалии ҳифзи ҳуқуқи инсон, инчунин, ташаббусҳо дар самти таҳкими таҳаммулпазирӣ, муколамаи байнифарҳангӣ ва рушди соҳаи маориф таъкид намуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”