Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Дар маҷлиси Ҳукумат аз рушди иқтисоди миллӣ то бартараф кардани мушкилоти маорифу тандурустӣ баррасӣ шуд
29-уми апрел таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре ки хадамоти матбуоти Президенти кишвар хабар медиҳад, дар кори маҷлис нахуст натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2026 ва вазифаҳо барои то охири соли 2026 баррасӣ шуд.
Гуфта мешавад, ки Роҳбари давлат вобаста ба вазъи сиёсии ҷаҳони муосир, маҳдудиятҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ба кишварҳои ҷаҳон ва оқибатҳои тағйирёбии иқлим, таъмин намудани суботи иқтисодӣ, ҳифзи бозори дохилӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои беруниро вазифаи аввалиндараҷа номиданд.
Таъкид мегардид, ки бо вуҷуди таъсири омилҳои берунӣ, дар семоҳаи якуми соли равон рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин шуд. Ин нишондиҳанда асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 14 фоиз, кишоварзӣ 8, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 34, хизматрасонии пулакӣ 8,5 ва гардиши савдо 22 фоиз ба даст омадааст.
Зикр мегардад, ки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар давраи ҳисоботӣ иҷрои қисми даромади буҷети давлатӣ, дар маҷмуъ, мусбат арзёбӣ мегардад. Нақшаи даромад дар сатҳи 108,3 фоиз таъмин гардида, ба буҷет зиёда аз 16,7 миллиард сомонӣ ворид шуд, аз ҷумла аз ҳисоби мақомоти андоз 119,4 фоиз ва Хадамоти гумрук 102,9 фоиз.
“Аммо таҳлил нишон медиҳад, ки дар паси ин нишондиҳандаҳои умумӣ камбудиҳои ҷиддӣ ҷой доранд. Яке аз масъалаҳои нигаронкунанда афзоиши бақияпулиҳои андоз мебошад”, - изҳор доштанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Бо дарназардошти вазъи зикршуда, ба Вазорати молия, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук супориш дода шуд, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иҷрои пурра ва босифати қисми даромади буҷети давлатиро таъмин намуда, барои коҳиш додани бақияпулиҳои андоз ва пешгирии афзоиши онҳо чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Иттилоъ дода мешавад, ки Вазорати молия вазифадор карда шуд, ки иҷрои саривақтии уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, аз ҷумла пардохти пурраи музди меҳнат, нафақа ва дигар кумакпулиҳоро таъмин намуда, маблағгузории соҳаҳоро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад.
Дар маҷлис таъкид шуд, ки барои баланд бардоштани мавқеи низоми бонкии кишвар, ба талабот ҷавобгӯ сохтани сохтори қарздиҳӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, рушди ҳунармандӣ ва беҳсозии вазъи пардохтҳои ғайринақдӣ супориш дода шуд, ки Бонки миллӣ якҷо бо ташкилотҳои қарзӣ татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзиро таъмин намуда, барои нигоҳ доштани устувории пули миллӣ ва коҳиш додани фишорҳои қурбӣ тадбирҳои иловагӣ андешад. Ҳамчунин, дастур дода шуд, ки барои паст намудани фоизи қарзҳо, беҳтар кардани дастрасии соҳибкорон ба захираҳои молиявӣ, дароз намудани муҳлати қарздиҳӣ ва афзоиши маблағгузорӣ ба соҳаҳои афзалиятнок, бахусус, истеҳсолоти ватанӣ чораҳои мушаххас роҳандозӣ карда шавад.
Ҳамчунин, маълумот дода мешавад, ки дар семоҳаи якуми соли 2026 гардиши савдои хориҷии кишвар ба 2 миллиарду 676 миллион доллар расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,8 фоиз афзоиш ёфтааст. Бо вуҷуди ин, тавозуни савдо манфӣ боқӣ монда, ҳаҷми он ба 1 миллиарду 648 миллион доллар баробар гардидааст.
Дар маҷлис Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот ва мутобиқ намудани он ба талаботи бозори меҳнат супориш доданд, ки масъулин тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Дар ин росто, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор карда шуд, ки барои бартараф намудани норасоии кадрҳои тиббӣ, махсусан дар шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти дурдаст тақсимоти самараноки хатмкунандагонро таъмин намояд, баҳри рушди соҳаи дорусозӣ ва коҳиш додани вобастагӣ аз воридот тадбирҳои амалӣ андешад ва назорати қатъии сифати доруворӣ ва молҳои тиббиро пурзӯр намояд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”