Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндаи махсуси президенти ИМА
Имрӯз, 28-уми апрел вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндаи махсуси президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Серҷио Гор вохӯрӣ намуд.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ, инчунин равобит дар бахши амниятиро баррасӣ намуданд.
“Ҷонибҳо оид ба вазъияти минтақа табодули назар намуда, аҳамияти мусоидат ба таъмини субот ва пешгирии хатарҳои гуманитариро зикр карданд. Ҳамзамон, зарурати ҳамоҳангсозии талошҳо дар мубориза бо таҳдидҳо ва чолишҳои муосир, аз ҷумла терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъкид карда шуд”, - омадааст дар иттилоияи вазорат.
Гуфта мешавад, ки дар вохӯрии мазкур аҳамияти қолаби минтақавии «С5+1» ҳамчун абзори муассир барои муколама ва таҳкими ҳамкорӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА барассӣ шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”