Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Мавсума Муинӣ ва Эрве Море ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Фаронсаро баррасӣ карданд
Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ҳайати сенаторони Гурӯҳи дӯстии Сенати Ҷумҳурии Фаронса оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказиро таҳти роҳбарии Эрве Море ба ҳузур пазируфт.
Тавре ки маркази матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо рушди ҳамкориҳои байнипарлумониро яке аз абзорҳои калидии таҳкими эътимод ва густариши муколамаи сиёсӣ дониста, ба фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ аҳамияти махсус доданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки масъалаи густариши ҳамкорӣ дар самтҳои табодули таҷрибаи қонунгузорӣ, рушди устувор, ҳифзи муҳити зист, рақамикунонӣ ва таҳкими институтҳои демократӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
“Дар ҷараёни мулоқот масъалаи афзоиши ҳаҷми мубодилаи тиҷоратӣ миёни ду кишвар низ мавриди баррасии амиқ қарор гирифт. Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати дарҳои кушод барои ҷалби сармояи хориҷӣ заминаҳои мусоиди ҳуқуқӣ ва иқтисодиро фароҳам овардааст. Дар ин замина, ҷонибҳо ба тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла саноат, энергетика, рушди инфрасохтор, металлургия ва тандурустӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд”, - зикр мекунад манбаъ.
Ҳамзамон, масъалаҳои густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои амният, фарҳанг ва илму маориф баррасӣ шуда, ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколамаи созанда ва баргузории мулоқоти навбатӣ дар шаҳри Париж дар доираи сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон иброз намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”