Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Рейтерз: вазири мудофиаи Малӣ дар ҳамлаи шӯришиён кушта шуд
Расонаҳои байналмилалӣ гузориш додаанд, ки Садио Камара, вазири мудофиаи Малӣ дар ҳамлае аз сӯи шӯришиён кушта шудааст.
Рейтерз рӯзи якшанбе, 26-уми апрел гузориш додааст, ки ин мақоми баландпояи низомӣ замоне ҳадаф қарор гирифта, ки тазоҳургарон хонаи ӯро дар пойтахти ин кишвар ҳадафи ҳамла қарор додаанд.
Дар баёнияи ҳукумати Малӣ омадааст, ки ин ҳамла тавассути афроди мусаллаҳ анҷом шуда ва ҷузъиёти бештаре дар бораи чигунагии он ироа нашудааст.
Бар асоси гузоришҳо, шохаи гурӯҳи террористии “Ал-Қоида” дар Ғарби Африқо масъулияти ин ҳамларо бар уҳда гирифтааст.
Ин рӯйдод дар ҳоле рух медиҳад, ки Малӣ дар солҳои ахир бо афзоиши ҳамлаҳои гурӯҳҳои мусаллаҳи вобаста ба “Ал-Қоида” ва ДОИШ дар минтақаи Соҳили Африқо рӯ ба рӯ будааст: ҳамлаҳое, ки ба бесуботии густарда дар ин кишвар сабаб шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”