Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Президенти кишвар: “Роҳу усулҳои мураккабу пешгӯинашавандаи қочоқчиён ошкор, пешгирӣ ва бартараф карда шаванд”
Имрӯз, 23-юми апрел дар вазоратҳои мудофиа, корҳои хориҷӣ, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъиноти кадрӣ сурат гирифт.
Бинобар иттилои дастрас, бартараф намудани сабабу омилҳои халалдоркунандаи фаъолияти муназзами хизматӣ дар воҳидҳои низомӣ, пешгирии қонунвайронкунӣ миёни хизматчиёни ҳарбӣ, тарбияи наваскарон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, омӯзиши техникаи муосири ҷангӣ ва забонҳои хориҷӣ, тарбия ва машғулиятҳои обутоби бадан, таъмини ҳамаҷонибаи ҷузъу томҳо бо маводу ашёи зарурӣ аз мавзуъҳои асосии суҳбати Сарвари давлат бо кадрҳои навтаъин буданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Сарвари давлат менависад, Президенти кишвар таъкид кардаанд, ки фаъолияти мақомоти марбута дар самти пешгирии убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар молу маҳсулот аз ҳар як марзбон ҳушёриву зиракӣ ва далериву шуҷоатро талаб менамояд. Кашфи фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткорӣ бояд ҳаматарфа мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифта, роҳу усулҳои мураккабу пешгӯинашавандаи қочоқчиён ошкор, пешгирӣ ва бартараф карда шаванд.
Иттилоъ дода мешавад, ки мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “дар бораи қатъ намудани ваколати судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо бинобар вафоташ”, “дар бораи интихоб намудани судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Ҷурабек Шариф”, “дар бораи бозхонд намудани Аминзода Сайдабону Рустам бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан” ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шуданд.
Ҳамчунин, дар якчанд сохторҳои Вазорати мудофиа ва Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ низ тағироти кадрӣ сурат гирифта, комиссарони ҳарбии як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва сардорони баъзе отряду дигар воҳидҳои низомии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз ҳисоби афсарони соҳибтаҷриба таъин гардиданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”