27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:50, Душанбе
23.04.2026 08:30

Суханронии Сарвари давлат дар Ҳамоиши минтақавии экологӣ

22-юми апрел Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҳамоиши минтақавии экологӣ дар мавзуи “Диди муштарак барои ояндаи устувор” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки тағйирёбии иқлим, таназзули низомҳои экологӣ, норасоии захираҳои об ва офатҳои табиӣ ҳам барои минтақа ва ҳам барои тамоми ҷаҳон ба мушкилоти ҷиддӣ табдил меёбанд ва ин вазъият аз мо тадбирҳои муштараку ҳамоҳангро тақозо менамояд.

Бинобар маълумоти хадамоти матбуоти Президенти мамлакат, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон таъкид намуданд, ки дар ҳудуди Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказӣ ташаккул меёбанд ва ин нақши муҳими низоми экологии кӯҳии кишвари моро дар таъмини обрасонӣ ва рушди устувор дар минтақа собит менамояд.

"Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки раванди босуръати обшавии пиряхҳо дар саросари ҷаҳон тамоюли афзоиш дошта, ба вайроншавии тавозуни об, ба вуҷуд омадани таҳдидҳо ба муҳити зист ва зиёд гардидани хавфи офатҳои табиии вобаста ба об оварда мерасонад", - меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони Саммитро ба масъалаҳои мусоидат ба гузариши иқлимӣ ҳамчун  яке аз самтҳои афзалиятноки рушд, густариши манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва мавзӯи баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ ва ташаккули иқтисодиёти камкарбон ҷалб намуданд.

Зикр гардид, ки барои Тоҷикистон рушди гидроэнергетика ва дигар манбаъҳои тозаи энергия афзалияти стратегӣ дорад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.