Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Ҷумҳурии Арманистон Ваагн Хачатурян
Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дирӯз, 21-уми апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши экологӣ дар Остона бо президенти Ҷумҳурии Арманистон Ваагн Хачатурян мулоқот намуданд.
Гуфта мешавад, ки зимни суҳбат атрофи доираи васеи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак дар муносибатҳои ду кишвар ва ҳам вобаста ба рӯзномаи бисёрҷониба мубодилаи афкор сурат гирифт.
Зикр мегардад, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки муносибатҳои миёни Тоҷикистон ва Арманистон ба анъанаҳои деринаи дӯстию ҳамкорӣ, эҳтиром ва эътимод ба якдигар асос ёфтаанд.
“Таваҷҷуҳи хос ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, бахусус, ба вазъият дар Ховари Миёна зоҳир карда шуд. Вобаста ба ин мавзуъ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мавқеи устувори давлати моро дар ин масъала таъкид карда, изҳор доштанд, ки мо қотеъона ҷонибдори ҳалли осоиштаи ҳама гуна низоъҳо ва баҳсҳо бо истифода аз воситаҳои сиёсӣ ва дипломатӣ ҳастем”, - омадааст дар иттилоия.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”