27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:50, Душанбе
22.04.2026 09:49

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Қосим-Жомарт Токаев

21-уми апрел дар шаҳри Остона мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев баргузор гардид.

Тавре ки хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ медиҳад, дар ҷараёни суҳбат сарварони ду давлат ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистонро дар заминаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ мавриди муҳокима қарор доданд.

“Ҷонибҳо аз ҷараёни баланди густариши шарикии ду кишвар дар ҳамаи самтҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд. Аҳаммияти таҳкими минбаъдаи муколамаи сиёсии байнидавлатӣ, тавсеаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар соҳаҳои мавриди манфиатҳои тарафайн, бахусус дар бахшҳои саноат, нақлиёт, логистика ва аграрӣ таъкид гардид. Ба сатҳи хуби афзоиши ҳаҷми тиҷорати дуҷониба, ки аз рӯйи натиҷаҳои соли 2025 1,2 миллиард долларро ташкил дод, ишора карда шуд. Соҳаҳои рақамикунонӣ, инноватсия, технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ ба сифати самтҳои ояндадори ҳамкорӣ муайян карда шуданд”, - навиштааст манбаъ.

Ҳамчунин, таъкид мегардад, ки роҳбарони Тоҷикистону Қазоқистон масъалаҳои ҳамкории бисёрҷониба дар чорчӯби сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ намуданд.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.