Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Трамп: «Оташбас бо Эронро то замони ироаи пешниҳоди Теҳрон тамдид мекунем»
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида эълом кардааст, ки оташбаси ҷорӣ бо Эрон то замоне дароз карда мешавад, ки Теҳрон пешниҳоди худро ироа диҳад ва гуфтугӯҳо такмил шавад.
Шабакаҳои хабарии Эрон рӯзи сешанбе, 21-уми апрел (ба вақти маҳаллӣ) гузориш додаанд, ки Трамп гуфтааст амалиёти низомӣ боздошта мешавад то ба мақомҳои эронӣ фурсат дода шавад пешниҳоди худро барои поёни ҷанг ироа кунанд.
Ӯ афзудааст, ки ба артиши Амрико дастур додааст муҳосираро идома диҳад ва неруҳо дар ҳолати омодабош боқӣ бимонанд, то замоне ки пешниҳоди Эрон ироа ва гуфтугӯҳо такмил шавад.
Трамп ҳамчунин, гуфтааст ин тасмим ба дархости миёнҷиҳои покистонӣ гирифта шудааст ва тамдиди оташбас то замони номуайян идома хоҳад дошт.
Ба гуфтаи ӯ, Эрон бояд як “пешниҳоди воҳид” барои поёни ҷанг ироа кунад.
Ин таҳаввулот дар ҳоле рух медиҳад, ки талошҳои дипломатӣ барои коҳиши танишҳо миёни Вашингтон ва Теҳрон идома дорад, аммо ихтилофот ҳамчунон побарҷост.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”