27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:16, Душанбе
17.04.2026 13:52

Ду қочоқбар нобуд карда шуд. Қочоқбарон сарҳадро ғайриқонунӣ убур карданд

Маркази робитаҳои ҷамъияти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки се қочоқбари афғон сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда, аз ҳудуди Афғонистон ба хоки Тоҷикистон гузаштанд.

Манбаъ меафзояд, ки се қочоқбари афғон 17-уми апрел тахминан соати 00:50 дақиқа дар ҳудуди минтақаи хизматрасонии қисми ҳарбии 0307-и Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуданд.

Гуфта мешавад, ки кормандони мақомоти амнияти миллӣ ва хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадӣ масири ҳаракати ҷинояткоронро муайян намуда, қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калонро пешгирӣ карданд.

"Қочоқбарон ба амри сарҳадбонон оид ба таслим шудан итоат накарда, муқовимати мусаллаҳона нишон доданд. Зимни гузаронидани амалиёти ҷангӣ ду нафар аъзои гурӯҳи ҷиноятӣ нобуд карда шуд. Як нафар аъзои гурӯҳ аз торикии шаб истифода карда, ба самти Афғонистон фирор намуд", - омадааст дар иттилоия.

Иттилоъ дода мешавад, ки аз ҷойи ҳодиса ҷасади ду қочоқбари афғон, 2 адад силоҳи оташфишони автомати “Калашников”, ду тирдон бо 35 дона тири қутрашон 7.62, як адад камони шикорӣ ва ду борхалта бо 25 адад бастаи маводи мухаддир дарёфт ва мусодира карда шуд.

Тибқи хулосаи шуъбаи экспертизаи судии Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи дарёфтшуда воситаи нашъадори навъи “ҳашиш” буда, вазни умумиаш 25 килограммро ташкил медиҳад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.