27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:53, Душанбе
17.04.2026 10:03

Дастаҷамъона бояд мубориза бурд. Ҷаласаи Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсия доир шуд

16-уми апрел таҳти раёсати сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре ки маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷаласаро раиси Шӯро оғоз намуда, қайд кард, ки самаранокии муқовимат ба коррупсия аз фаъолияти дастаҷамъонаи мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар заминаи он механизмҳои воқеии назорат, шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ дар ҳама сатҳҳо таъмин мегардад, вобастагии амиқ дорад.

Иттилоъ дода мешавад, ки зимни ҷаласа, ба аъзои Шӯро ва роҳбарони тамоми ниҳодҳои давлатӣ дастур дода шуд, ки дар раванди татбиқи сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ бетарафӣ зоҳир накарда, барои аз байн бурдани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, паст намудани шиддати коррупсия дар мамлакат ва баланд бардоштани мавқеи кишвар дар раддабандиҳои байналмилалӣ саҳмгузор бошанд.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки дар ҷаласаи мазкур нақшаи кори Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсия барои соли 2026 тасдиқ гардида, бо назардошти масъалаҳои матраҳшуда ва пешниҳоди аъзои Шӯро қарори ҷаласа қабул карда шуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.