Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Вокуниши ҷолиби ҷаҳониён ба паёми раиси ҷумҳури Эрон дар дифоъ аз Поп
Дифои раиси ҷумҳури Эрон аз Поп, бо вокунишҳои ҷолиби бисёре аз корбарони ҷаҳонӣ рӯбарӯ шуд.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар посте дар шабакаи “Truht social” ба Поп Леои чаҳордаҳум, раҳбари католикҳои ҷаҳон ба хотири изҳороти зиддиҷангии ӯ ҳамла кард: амале, ки дар гузашта раисони ҷумҳури Амрико ва кишваре, ки беш аз 50 миллион католик дорад, собиқа надошт.
Ӯ соате баъд аксеро, ки худашро ба Исо Масеҳ монанд карда буд, мунташир кард ва он ҳам бо вокунишҳои манфии густурда рӯбарӯ шуд.
Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон баъд аз ин таҳқири Трамп, дар посте ба забони англисӣ навишт: “Аълоҳазрати Поп Леои чаҳордаҳум, ман ба намояндагӣ аз миллати бузурги Эрон тавҳин ба ҷаноби олиро маҳкум мекунам ва эълом мекунам, ки таҳқири ҳазрати Исо, паёмбари сулҳ ва бародарӣ, аз ҳеч инсони озодае пазируфта нест. Аз Худованди мутаол барои шумо орзуи сарбаландӣ дорам”.
Ин дифои раиси ҷумҳури Эрон аз Поп, бо вокунишҳои ҷолиби бисёре аз корбарони ҷаҳонӣ рӯбарӯ шуд ва онҳо бо муқоисаи рафтори Трамп ва Пизишкиён, дифои ӯ аз Попро тамҷид карданд ва барои бархе ин масъала вуруд ба давраи ҷадиде аз таърих ва низоми нави ҷаҳонӣ буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”