Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Суҳбати телефонии Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли ИДМ Сергей Лебедев
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, зимни суҳбат ҷонибҳо перомуни рӯзномаи ҳамкории Иттиҳод табодули афкор намуда, ба масъалаҳои омодагӣ ҷиҳати баргузории ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои иштирокдори ИДМ, ки 17-уми апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Маскав доир мегардад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Ба навиштаи манбаъ, дар суҳбати телефонӣ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сергей Лебедевро ба муносибати зодрӯзаш самимона табрик гуфта, ба ӯ сиҳатмандии қавӣ ва дар фаъолияти пурмасъулаш дар мақоми Дабири кулли Иттиҳод комёбиҳо таманно кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”