27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:16, Душанбе
10.04.2026 10:56

Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар муколамаи сеюми минтақавии вакилони парлумони кишварҳои Осиёи Марказӣ

Тавре ки маркази матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, 9-ум ва 10-уми апрел дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон муколамаи сеюми минтақавии вакилони парлумони кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Миқёспазирии иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ тавассути роҳбарии бизнес, навоварӣ ва механизмҳои молиявӣ» баргузор гардид.

Ба навиштаи манбаъ, дар чорабинии мазкур Ориф Амирзода, раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фирдавс Саидзода, муовини раиси Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия ва Фарҳод Каримзода, узви ҳамин кумита иштирок намуданд.

Гуфта мешавад, ки муколамаи сеюми минтақавии вакилони парлумони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар доираи барномаи SWITCH-Asia бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо ва Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ (CAREC) доир шуда, дар он вакилони парлумон, намояндагони институтҳои байналмилалии молиявӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи коршиносони кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат варзиданд.  

Иттилоъ дода мешавад, ки Ориф Амирзода зимни суханрониаш қайд намудааст, ки гузариш ба иқтисоди даврӣ на танҳо диду назари стратегиро талаб мекунад, балки фароҳам овардани шароити мушаххас барои сармоягузорӣ, рушди бозор ва ҷалби бахши хусусиро низ тақозо менамояд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.