Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Сарвари давлат ва раиси шаҳр бо рафти сохтмони бинои Театри миллӣ шинос шуданд
3-юми апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо рафти сохтмон ва омодасозии иншооти муҳими фарҳангӣ Театри миллӣ шинос шуданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ медиҳад, дар иншооти мазкур то имрӯз корҳои асосии сохтмонӣ анҷом ёфта, ороишу омодасозии даруни бино ва бастубанди техникаю таҷҳизот дар толорҳои театр идома дорад.
Гуфта мешавад, ки зимни боздид Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарону мутахассисони масъул ва устоҳои тоҷик барои бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расондани корҳо дастуру тавсияҳо доданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар бунёду таҷҳизонидани бинои Театри миллӣ, ки яке аз иншооти асосии ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба шумор меравад, аз беҳтарин маводи сохтмону ороиш ва техникаю таҷҳизот истифода мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”