Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Вохӯрии Мавсума Муинӣ бо Содиқ Сафоев дар Самарқанд
30-юми март дар шаҳри Самарқанд Мавсума Муинӣ, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Содиқ Сафоев, муовини якуми раиси Сенати Мажлиси Олии Ҷумҳурии Узбекистон мулоқот намуд.
Тавре ки маркази матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба муҳимтарин масъалаҳои байнидавлатию ҳамкориҳои байнипарламентӣ миёни кишварҳои Тоҷикистону Узбекистон суҳбат намуда, ҳамзамон ҷиҳати минбаъд низ роҳандозӣ намудани ҳамкориҳо дар самти табодули таҷриба оид ба такмили қонунгузорӣ, парламентаризм ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ибрози ақида намуданд.
Манбаъ меафзояд, ки мулоқоти мазкур дар ҳошияи иштироки ҳайати парламентӣ дар нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид.
Гуфта мешавад, ки нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо ба як майдони муҳими байналмилалӣ табдил ёфта, ба таҳкими муколамаи байнипарлумонӣ, густариши эътимоди сиёсӣ ва дар ташаккули механизмҳои устувори ҳамкорӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо такони ҷиддӣ мебахшад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”