27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:50, Душанбе
28.03.2026 08:20

Иштирок ва суханронии Қоҳир Расулзода дар Форуми “Қазоқистони рақамӣ”

Қоҳир Расулзода, сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми “Қазоқистони рақамӣ” («Digital Qazaqstan») иштирок ва суханронӣ намуд.

Бинобар иттилои АМИТ "Ховар", форуми мазкур 27-уми март дар шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон доир шуда, дар он доираи васеи намояндагони кишварҳои гуногун, аз ҷумла сарони ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, роҳбарони ширкатҳои пешбари технологӣ, созмонҳои байналмилалӣ, коршиносон ва соҳибкорони соҳаи технологияи  рақамӣ иштирок намуданд.

Иттилоъ дода мешавад, ки Қоҳир Расулзода зимни суханронӣ мавқеи устувори Тоҷикистонро дар рушди иқтисоди рақамӣ баён намуда, таъкид кард, ки дар кишвар бо роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2025–2030 «Солҳои иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардидаанд.

"Тоҷикистон инчунин гузариши рақамиро ҳамчун авлавияти миллӣ қатъиян муайян кардааст. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, «Рақамисозии иқтисод ин талаботи замон ва муҳимтарин омил барои пешрафт мебошад, - гуфт Сарвазири кишвар.

Гуфта мешавад, ки дар форум аз нақшаи таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе, фаъолияти Шурои миллӣ оид ба зеҳни сунъӣ, татбиқи ҳалли зеҳни сунъӣ дар идораи давлатӣ, рушди IT-парк ва омодасозии мутахассисони соҳавӣ ёдоварӣ шуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.