Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Кӯчае дар Тошканди нав Душанбе номгузорӣ мешавад
Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз кӯчаҳои Тошканд нав Душанбе номгузорӣ мешавад.
Ба навиштаи манбаъ, дар доираи сафари расмии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистону Ӯзбекистон 12 лоиҳаи навро роҳандозӣ карданд.
Гуфта мешавад, ки аз 12 лоиҳаи роҳандозишуда 7 иншооти дар Тоҷикистон ва 5 лоиҳа дар Узбекистон бунёд мегарданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки маблағи 7 иншооти дар Тоҷикистон бунёдшаванда 98 миллион доллари амрикоӣ ва 5 лоиҳаи дар Узбекистон амалишаванда 63,2 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Зикр мегардад, ки лоиҳаҳое, ки бояд дар Тоҷикистон амалӣ шаванд васеъ кардани хатти истеҳсоли техникаи маишии “Артел”, сохтмони клиникаи тиббӣ бо номи Шоҳ Мед дар шаҳри Душанбе, таъсиси маҷмуаи нассоҷӣ, бунёди хатти муосири коркарди мева, истеҳсоли маҳлулҳои тиббӣ, оғози лоиҳаи истеҳсоли ҷиҳоз ва техникаи саноатӣ дар вилояти Суғд мебошанд.
Дар ин росто, дар Узбекистон лоиҳаи коркарди шир ва истеҳсоли маҳсулоти панирӣ, истеҳсоли афшураи шарбат, Душанбе номгузорӣ кардани яке аз кӯчаҳои Тошканди нав, сохтмони маҷмааи муосири баландошёнаи истиқоматӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти хуриш амалӣ мешаванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”