Ба чанд қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шуд
Тоҷикистон иҷрои конвенсияи манъи силоҳи кимиёиро муҳим арзёбӣ намуд
Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар доираи СААД ва ИДМ машваратҳо баргузор карданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин вазъи амниятӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд
Дар «Китоби Минск» осори классикон ва адибони муосири тоҷик ба намоиш гузошта шудааст
Дар пойтахти Ҷумҳурии Беларус Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» баргузор гашта истодааст, ки то 22-уюми март идома меёбад.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Беларус ва Вазорати фарҳанги мамлакат гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардидааст.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар намоишгоҳи мазкур намунаҳои беҳтарини китобҳои тозанашр аз осори классикон ва адибони муосири тоҷик ба намоиш гузошта шудааст.
Ҳамчунин, дар гӯшаи алоҳида асарҳои Президенти кишвар, ки бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ тарҷума шудаанд, пешниҳод гардиданд.
Гуфта мешавад, ки намояндагони аҳли адаби кишвар дар конфронси байналмилалӣ дар ҳошияи намоишгоҳ иштирок менамоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад