27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:09, Душанбе
10.03.2026 12:56

Ҳушдори намояндаи Трамп ба Толибон: сарнавишти раиси ҷумҳури Венесуэла ва Эрон дар интизори шумост

Адам Бойлер, намояндаи Трамп дар умури гаравгонҳо, ҳушдор додааст, ки гурӯҳи террористии Толибон бояд зиндониёни амрикоиро озод кунанд.

Бойлер рӯзи сешанбе, 10-уми март дар паёме гуфтааст, ки гаравгонгирӣ аз сӯи Толибон ғайриқобили қабул аст.

Ӯ афзудааст: “Мо ба Толибон гуфтаем, ки дипломатияи гаравгонгирӣ ғайриқобили қабул аст ва ҳақиқатан инро ҷиддӣ мегирем”.

Вай тасреҳ кардааст, ки Толибон ба унвони гурӯҳи ҳомии боздоштҳои ғайриқонунӣ муаррифӣ мешаванд ва ин мавзуъ паёмадҳои хатарноке хоҳад дошт.

Намояндаи Трамп таъкид кардааст, ки Амрико дигар боздошти шаҳрвандонашро таҳаммул нахоҳад кард.

Ӯ хотирнишон кардааст, ки дар ҳоли ҳозир се шаҳрванди амрикоӣ дар зиндони Толибон ба сар мебаранд.

Намояндаи Трамп изофа кардааст, ки агар Толибон ин ҳушдорҳоро ҷиддӣ нагиранд, бояд худро барои сарнавишти мушобеҳи Эрон ва раиси ҷумҳури Венесуэла омода кунанд.

Марко Рубио, вазири хориҷаи Амрико, эълом кардааст, ки Толибонро ба унвони гурӯҳи ҳомии боздоштҳои ғайриқонунӣ муаррифӣ мекунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.