Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Аз 16-сола боло. Дар Индонезия дастрасии кӯдакон ба шабакаҳои иҷтимоӣ маҳдуд мешавад
Бинобар иттилои Агентии иттилоотии “ТАСС”, дар Индонезия тасмим доранд дастрасии кӯдакони то 16-соларо дар шабакаҳои иҷтимоӣ маҳдуд кунанд.
Манбаъ меафзояд, ки дар Индонезия дигар кӯдакон наметавонанд худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба қайд бигиранд ва саҳифаҳои фаъол маҳдуд карда мешаванд.
Гуфта мешавад, ки бақайдгирӣ дар шабакаҳои иҷтимоии YouTube, TikTok, X, Bigo Live, Roblox, Instagram Facebook ва дигар паёмрасонҳо барои кӯдакони то 16-сола маҳдуд мешавад.
Иттилоъ дода мешавад, ки ин тасмим барои бехатарии кӯдакон гирифта шудааст. Яъне мақомоти Индонезия бар он боваранд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ кӯдакон метавонанд ба мушкилоти гуногун, махсусан қаллобон дучор оянд.
Ҳамчунин, гуфтан бамаврид аст, ки то имрӯз Австралия истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои кӯдакон пурра маҳдуд кардааст ва дигар кишварҳо, аз ҷумла Фаронса, Словения, Британияи Кабир, Финландия, Португалия ва Ҳиндустон дар ин маврид тадбирҳо андешида истодаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”