27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:50, Душанбе
07.03.2026 17:24

Паёми шодбошии Сарвари давлат бахшида ба Рӯзи модар. "Донишманд будани зан омили донишмандии миллат мебошад"

Имрӯз, 7-уми март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи модарону бонувони кишварро ба ифтихори Рӯзи модар табрику таҳният гуфтанд. Дар паёми худ, ки ҳамзамон ба оғози фасли баҳор ва Наврӯзи фархундапай рост омад, Сарвари давлат муҳаббат, эҳтиром ва арҷгузории худро ба занону модарон баён доштанд.

Арҷгузорӣ ба нақши занону модарон дар ҷомеа

Президенти кишвар таъкид намуданд, ки “Ин рӯзи муборак на танҳо рамзи эҳтиром ба модар ва арҷгузорӣ ба мақому манзалат ва қадру қимати ӯ мебошад, балки нишонаи эътирофи саҳми басо назарраси занон дар пешрафти давлат ва пойдории ҷомеа ба ҳисоб меравад”.

Дар матни паём қайд шудааст, ки модар рамзи ҷовидонаи ҳаёти башар, меҳру муҳаббати поку беолоиш ва сарчашмаи ахлоқу одоби ҳамидаи инсонӣ мебошад ва нақши ӯ дар ташаккули шахсияти фарзанд, пойдории оила ва пешрафти давлат беназир ва бебаҳост. Сарвари давлат зикр намуданд, ки рушди ҷомеа аз заҳмати шабонарӯзӣ, сабру таҳаммул ва муҳаббати самимии модарон ба таълиму тарбияи наслҳои солиму созанда вобаста аст.

Саҳми занон дар таърихи Истиқлол ва рушди кишвар

Имсол Рӯзи модар ба 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон рост омад. Президенти кишвар бо ифтихор зикр намуданд, ки бонувону занони ватандӯст дар зарфи беш аз се даҳсолаи сипаригардида саҳми бузург дар дастоварду ободонии сарзамин гузоштаанд.

Сарвари давлат ҳамчунин, таъкид карданд, ки занону модарон дар рӯзҳои оғози соҳибистиқлолӣ дар барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Ҳукумати Тоҷикистон низ бо мақсади баланд бардоштани мақоми занон ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо як қатор қонунҳо, стратегия ва барномаҳои давлатӣ қабул ва амалӣ намудааст.

Мавқеи занон дар илму таҳсил ва пешрафти ҷомеа

Президенти кишвар ба нақши занон дар илму маърифат низ таъкид намуданд:

“Донишманд будани зан омили донишмандии миллат мебошад. Зани донишманду соҳибмаърифат насли босаводро таълиму тарбия медиҳад.

Дар аввалин ояти китоби осмонии Худованд – Қуръони маҷид калимаи “иқра” нозил шудааст, яъне хондан ва аз худ кардани илму дониш таъкид гардидааст.

Дар ҳадиси пайғамбари гиромӣ – Ҳазрати Муҳаммад низ омадааст, ки “талаби илм бар ҳар марду зани мусулмон фарз аст”.

Ҳамчунин, дар паёми шодбошии Президенти кишвар омадааст, ки имрӯз занону бонувони тоҷик дар ҳамаи бахшҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла кишоварзӣ, саноат, энергетика, бонкдорӣ ва хизматрасонӣ фаъолият намуда, саҳми арзанда дар рушду пешрафти кишвар доранд.

Тарбия ва нақши модар дар ҷомеа

Сарвари давлат таъкид карданд, ки дар шароити ҷаҳони муосир ва афзоиши таҳдидҳо, нақши модар дар тарбияи фарзандон боз ҳам бештар мегардад:

“Пешгирӣ аз хурофоту таассуб ва ифротгароиву бегонапарастӣ, пеш аз ҳама, аз муҳити оила оғоз мешавад ва дар навбати аввал маҳз модар метавонад дар зеҳну шуури фарзанд ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллиро тарбия ва ташаккул диҳад.

Тарбияи дурусти фарзандон кафолати саодатмандии ҳар як хонадон, суботи ҷомеа ва амнияти давлат мебошад”.

Президенти Тоҷикистон аз модарону бонувон даъват намуданд, ки фарзандонро ба омӯзиши илму дониш, заҳматдӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ҳидоят кунанд, зеро оядаи ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз дар дасти насли нав аст.

Дастгирии иқтисодӣ ва иҷтимоии занон

Дар паём таъкид шудааст, ки дастгирии соҳибкориву ҳунармандии занон, ҷудо намудани грантҳои президентӣ ва пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок имконият додааст, ки мустақилияти иқтисодии онҳо тақвият ёбад ва рушди ҳунарҳои мардумӣ таъмин гардад. Масалан, соли 2025 аз ҷониби низоми бонкӣ барои дастгирии занони соҳибкор 8 миллиард сомонӣ қарз ҷудо шудааст.

Дар анҷоми паём, Президенти кишвар ҳамаи модарону бонувон ва хоҳарону духтаронро аз самими қалб табрик намуда, ба онҳо саломативу хушбахтӣ, иқболи нек ва барори кор дар корҳои ватансозиву давлатсозӣ орзу намуданд:

“Ҷашн муборак, модарону бонувон ва хоҳарону духтарони азиз!”

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.