Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Таъиноти кадрӣ дар Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ
Имрӯз, 6-уми март бо фармонҳои Президент ва дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт.
Тавре ки хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ медиҳад, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳафиззода Тоҷиддин аз вазифаи муовини якуми раиси суди вилояти Суғд озод гардида, ба вазифаи раиси суди ноҳияи Мастчоҳ таъин гардид.
Афзуда мешавад, ки Прокурор ва сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ аз ҳисоби кадрҳои кордону соҳибтаҷриба таъин гардиданд.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки дар якчанд шаҳру ноҳияҳои кишвар Прокурор ва сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ иваз карда шуданд.
"Зимни суҳбат Роҳбари давлат фаъолияти сохторҳои зикршударо ҳаматарафа баррасӣ намуда, ҷиҳати рафъи камбудиҳо, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, бахусус истеъмолу фуруши маводи мухаддир, қонунвайронкунӣ дар самти истифодаи ғайримақсадноки замин, таъмини тартиботу волояти қонун ва амну суботи ҷомеа супоришҳои мушаххас доданд", - навиштааст хадамоти матбуоти Президенти мамлакат.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”