Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Коршиноси бритониёӣ: ИМА ва Исроил метавонанд “комёбӣ”-ро дар ҷанг бо Эрон гуногун фаҳманд
Амалиёти низомии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Исроил алайҳи Эрон, ки ҳамчун амалиёти кӯтоҳмуддат ва дақиқ тарҳрезӣ шуда буд, тадриҷан нишонаҳои як ҷанги тӯлонӣ пайдо мекунад. Дар ин бора хабарнигори махсуси агентии “Казинформ”-и Қазоқистон аз Лондон иттилоъ додааст, ки онро инҷо меорем.
Фаҳмиши гуногуни “муваффақият”
Дар ибтидо Исроил ва Иёлоти Муттаҳида ният доштанд амалиётро тақрибан дар давоми 72 соат ба анҷом расонанд, то аз як ҷанги тӯлонӣ, ки метавонад тамоми минтақаро бесубот кунад, ҷилавгирӣ намоянд. Аммо, ба гуфтаи муҳаққиқи Институти подшоҳии таҳқиқоти дифоии Британия Алаа Зуубӣ, масъалаи асосӣ танҳо дар давомнокии амалиёти ҷангӣ нест, балки дар он аст, ки оё тарафҳо метавонанд ба ҳадафҳои рӯшани муайяншуда ва аз нигоҳи стратегӣ муҳим даст ёбанд ё не.
Ба гуфтаи Зуубӣ, миёни ИМА ва Исроил метавонад дар фаҳмиши ҳадафҳои ниҳоӣ фарқият вуҷуд дошта бошад. Барои ИМА заиф кардани маҳдуди иқтидори Эрон ва барқарор кардани сиёсати боздорандагӣ метавонад натиҷаи кофӣ ҳисобида шавад.
- Барои Вашингтон заиф кардани маҳдуди иқтидори рақиб ва барқарор кардани боздорандагӣ метавонанд кофӣ бошанд - бо назардошти таҷрибаи Ироқ то аз даргир шудан ба тағйири режими ҳоким ва амалиёти ишғоли заминӣ худдорӣ карда шавад. Як ҳамлаи кӯтоҳи сареъ ба чунин стратегия мувофиқ аст. Дар айни замон Исроил метавонад заифшавии қисмии имкониятҳои Эронро нокифоя шуморад, агар Теҳрон тавонад онҳоро зуд барқарор кунад ва инро на ҳамчун роҳҳал, балки ҳамчун хатари ба таъхир афтода бубинад, — таъкид мекунад Зуубӣ.
Агар ИМА ба хулосае бирасад, ки ҳадафҳо ба даст омадаанд ва ба музокирот баргардад, пас Исроил метавонад бо интихоби душвор рӯ ба рӯ шавад. Қаблан низ чунин ҳолатҳо вуҷуд доштанд.
- Дар ҷараёни ҷанг дар Навори Ғазза гуфта мешавад, ки маъмурияти Доналд Трамп ба Исроил фишор оварда буд, то амалиётро хотима диҳад. Тибқи баъзе хабарҳо, дар яке аз паёмҳо гуфта мешуд: “Агар шумо ҷангро қатъ накунед, мо шуморо танҳо мегузорем”. Оё дар ин маврид низ чунин фишор истифода хоҳад шуд ё не - ҳоло номаълум аст. Аммо худи чунин пешина аҳамияти ҷиддӣ дорад, - мегӯяд ӯ.
Арзиши ҷанг ва ҳадди дастгирии ҷомеа дар Исроил
Коршинос, инчунин, ба равандҳои дохилии Исроил диққати махсус медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, арзиши ҷанг барои Исроил босуръат афзоиш меёбад.
- Аз нигоҳи иқтисодӣ хароҷотҳо қобили андозагирӣ ҳастанд. Ҳар рӯзи ҷанги моҳи июни соли 2025 тақрибан 2,5 миллиард шекел (тақрибан 800 миллион доллар)-ро ташкил медод: 1,7 миллиард доллар хароҷоти мустақими низомӣ ва 0,8 миллиард доллар талафоти истеҳсолот. Дар давоми 12 рӯз ин маблағ тақрибан ба 30 миллиард шекел (наздики 9,7 миллиард доллар) баробар шуд. Ҳолати кунунӣ аллакай маблағгузории иловагии чандинмиллиардиро талаб кардааст, илова бар буҷети дифоие, ки қаблан ҳам зиёд шуда буд, - далел меорад Зуубӣ.
Ба гуфтаи ӯ, фишори иқтисодӣ то замоне, ки ба омили сиёсӣ табдил ёбад тадриҷан ҷамъ мешавад. Дар чунин ҳолат, хароҷоти молиявӣ ногузир ба омиле табдил меёбад, ки ба дастгирии ҷомеа таъсир мерасонад.
- Дастгирии ҷомеа ҳоло ҳам боло аст, аммо таърихи сиёсии Исроил нишон медиҳад, ки он ба давомнокии ҷанг, шумораи қурбониён дар миёни аҳолии осоишта ва пешрафти эҳсосшаванда вобаста аст. Дар соли интихобот ангезаҳои сиёсӣ бо ҳадафҳои стратегӣ бархӯрд мекунанд. Зарбаи ҳалкунандае, ки рафтори Эронро тағйир диҳад, мавқеи Бинямин Нетаняҳуро мустаҳкам мекард. Аммо ҷанги тӯлонӣ бидуни натиҷаҳои намоёни стратегӣ, баръакс, метавонад ӯро осебпазир гардонад, - қайд мекунад коршинос.
Ба назари ӯ, интизориҳои фурӯпошии зудҳангоми низоми Эрон таваҳҳуме беш нестанд. Баробар донистани аз байн бурдани як шахсияти намодӣ бо суқути худи Эрон метавонад ба иштибоҳи ҷиддии таҳлилӣ оварда расонад.
- Агар ҷанг тӯлонӣ шавад ва ба марҳилаи эскалатсияи дарозмуддат ва идорашаванда гузарад, саволи асосӣ дигар на дар он хоҳад буд, ки оё Исроил метавонад ҳамоно зарба занад ё не, балки дар он аст, ки худи давомнокии ҷанг ба вазъияти стратегӣ чӣ гуна таъсир мерасонад. Бо гузашти вақт хароҷотҳо метавонанд аз манфиатҳои ибтидоии амалиёт бештар шаванд. Ҷанги тӯлонӣ ногузир паёмадҳое ба бор меорад, ки аз доираи натиҷаҳои сирф низомӣ хеле фаротар мераванд, — хулоса мекунад Алаа Зуубӣ.
Тарҷума аз расонаи "Казинформ"
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”