Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Таҳлилгарони исроилӣ мегӯянд ҳеч нишонае аз фурӯпошии Эрон дида намешавад
Ҳамзамон бо ҷанги фарсоишӣ дар майдони Ховари Миёна, фишори сиёсӣ ва иқтисодӣ низ бар иқтисоди ҷаҳонӣ ворид мешавад.
Ба гузориши расонаҳои исроилӣ чандин мақола аз сӯи бархе рӯшанфикрон ва таҳлилгарони Исроил нашр шудааст, ки дар онҳо нисбат ба раванди ҷанг интиқодҳое матраҳ мешавад.
Миёни ин матлабҳо яке аз мақолаҳо, ки ба назар мантиқӣ ва сареҳтар ба назар мерасад, мақолаи таҳлилгари шинохташудаи исроилӣ аст.
Ӯ дар ибтидои таҳлили худ ишора мекунад, ки дар рӯзҳои нахусти ҷанг, тактикаҳои Эрон ва Ҳизбуллоҳ барои Исроил чандон рӯшан набуд, аммо акнун ба тадриҷ мушаххас шуда аст, ки онҳо дар ҳоли иҷрои як ҷанги фарсоишӣ ҳастанд: ҷанге, ки ҳадафи он тахлия ва фарсуда кардани сомонаҳои падофандии Исроил аст, ин нуктае аст, ки пештар низ дар бораи он суҳбат мешуд ва акнун ҳатто бархе таҳлилгарони исроилӣ низ ба он диққат мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамзамон бо ин ҷанги фарсоишӣ дар майдон, фишори сиёсӣ ва иқтисодӣ низ бар иқтисоди ҷаҳонӣ ворид мешавад: фишоре, ки метавонад иқтисоди ҷаҳонро таҳти таъсир қарор диҳад ва дар ниҳоят тарафҳои мухталифро ба самти пазируфтани шароити ҷадид савқ диҳад.
Ин таҳлилгар дар бахши дигаре аз мақолаи худ ба нуктаи қобили таваҷҷуҳе ишора мекунад ва мегӯяд: “Ҳарчи бештар ба вазъияти Эрон нигоҳ мекунем, ҳеч нишонае аз фурӯпошӣ мушоҳида намекунем, ҳукумат ҳамчунон дар ҳоли анҷоми вазифаҳои худ аст, равандҳои қонунӣ дар ҳоли тай шудан аст ва ҳатто дар хиёбонҳо низ нишонаҳои ҳимояти мардумӣ дида мешавад, аз сӯи дигар, неруҳои низомӣ низ ҳамчунон дар ҳоли анҷоми амалиёт ҳастанд”.
Ӯ дар ин ҷо ин пурсишро матраҳ мекунад: агар қарор буд фурӯпошӣ рух диҳад, пас ин фурӯпошӣ дақиқан куҷо дида мешавад?
Ӯ ҳамчунин, ба бархе хабарҳо дар бораи эҳтимоли иқдоми неруҳои курд ишора мекунад ва менависад ҳатто дар ҳамин маврид низ, замоне ки чунин хабарҳое мунташир шуд, худи гурӯҳҳои курд онро рад карданд ва эълом карданд, ки ҳеч иқдоме алайҳи Эрон анҷом надодаанд.
Ба гуфтаи ин таҳлилгар, тасвири пирӯзӣ ва ҷашни пирӯзӣ, ки дар бархе расонаҳои исроилӣ намоиш дода мешавад, фосилаи зиёде бо воқеиятҳои майдонӣ дорад. Ин мақола дар хабаргузории “Юнет” (Ynet) мунташир шудааст ва эҳтимолан матни комили он дар дастрасии умум қарор дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”