Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд баррасӣ шуд
Абдураҳмон Абдураҳмонзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Бонки исломии рушд (БИР) таҳти роҳбарии Мудири амалиёти кишварии Гурӯҳи БИР Фарид Хон вохӯрӣ намуд.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати иқтисод ва савдо хабар медиҳад, дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои самарабахш байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурӯҳи БИР, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва инфрасохтор, кишоварзӣ, маориф ва иҷрои лоиҳаҳои амалишавандаи БИР дар Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар вохӯрии мазкур Абдураҳмон Абдураҳмонзода қайд намуд, ки таҳти роҳбарии сиёсати дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурӯҳи БИР дар солҳои охир ба сатҳи сифатан нав расидаанд.
Ҳамчунин, иттилоъ дода мешавад, ки ҷонибҳо барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори омодагӣ намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”