27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
04.03.2026 09:02

То 110 ҳазор сомонӣ. Озмуни грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои соли 2026 эълон кард.

Манбаъ меафзояд, ки имсол грантҳо барои 200 зани соҳибкор дар ҳаҷми 40 ҳазор, 50 ҳазор, 60 ҳазор, 70 ҳазор, 80 ҳазор, 90 ҳазор, 100 ҳазор ва 110 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешаванд.

Гуфтан ба маврид аст, ки сарои дастгирии фаъолияти бонувони соҳибкор шуруъ аз соли 2006 дар кишвар гранти президентӣ пешбинӣ шудааст. Ин иқдоми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бонувоне нигаронда шудааст, ки қодиранд ҳам ҳаёти худ ва ҳам аз чандин занони бекорро беҳтар намоянд.

Ёдовар мешавем, ки доираи фаъолияти соҳибкории занон, ки гранти президентӣ мегиранд, хеле васеъ буда, онҳо ба эҳёи ҳунарҳои миллӣ, таъсиси коргоҳҳои хурди ҳунарҳои дастӣ, қолинбофӣ, парвариши чорвову парандаву моҳӣ, коркарди меваи хушк ва ғайраҳо шуғл меварзанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.