27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:51, Душанбе
28.02.2026 21:56

Ироқчӣ: “Мо медонем, ки чӣ гуна аз худ дифоъ кунем”

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мусоҳиба бо шабакаи “NBC” гуфт: “Роҳбар ва раисҷумҳури Эрон дар саломатии комил ҳастанд.

Ба гузориши “ИРНА” Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон дар гуфтугӯ бо “NBC News” бо эълони хабари саломатии комили Роҳбари Инқилоби Исломии Эрон ва раисҷумҳур гуфт: “Аксарияти масъулин низ хуб ҳастанд ва танҳо як ё ду нафар аз фармондеҳон шаҳид шудаанд”.

Вай илова кард: “Намедонам чаро давлати Амрико исрор дорад музокираро оғоз кунад ва пас дар миёнаи он ба ҷонибдории муқобил ҳамла кунад. Шояд дигарон буданд, ки Амрикоро барои манофеи худ ба ин муноқиша кашиданд”.

Ҳамлаҳои мо ба пойгоҳҳои Амрико дар минтақа як иқдоми дифоӣ аст

Вазири корҳои хориҷии Эрон дар бахши дигаре аз суханонаш гуфт: “Бо ҳамкоронам дар кишварҳои минтақаи Халиҷи Форс дар тамос будам ва шарҳ додам, ки мо ният надорем, ба онҳо ҳамла кунем, балки ҳамлаҳои мо ба пойгоҳҳои Амрико дар минтақа як иқдоми дифоӣ аст. Мо намехостем, ки нишаста бошем ва ба дигарон беҷавоб бимонем”.

Омодаем ҳар коре анҷом диҳем, то собит кунем, ки барномаи ҳастаии мо сулҳомез аст

Ироқчӣ гуфт: “Дар бораи барномаи ҳастаии мо, ба тими амрикоӣ равшан шарҳ додем, омодагии комил дорем, то собит кунем, ки барномаи ҳастаии мо сулҳомез аст ва барои ҳамеша ҳам сулҳомез хоҳад буд”.

Вай таъкид кард: “Он чи барои он омодагӣ надорем, чашмпӯшӣ аз ҳақамон аст. Мо аз ҳуқуқи худ даст намекашем, аз ҷумла аз ҳақи ғанисозӣ, вале омодагӣ дорем, ки барои эҷоди эътимод дар бораи барномаи ҳастаии худ иқдом кунем”.

Хоҳони ҷанг ва таниш дар минтақа нестем

Вазири корҳои хориҷии Эрон дар идома дар мусоҳиба телевизионӣ таъкид кард: “Мо мехоҳем, ки ҷанг ва ихтилоф дар минтақа набошад. Вале аввал бояд таҷовуз хотима ёбад, ҳамлаҳо бояд дар қадами аввал мутаваққиф шаванд”.

Вай идома дод: “Сипас, агар имкони гуфтугӯҳо вуҷуд дошт, метавонем онро мадди назар қарор диҳем, аммо дар мавриди чизе қавл намедиҳем, зеро мардумонамон дар ҳоли ҳозир хеле ғазаболӯданд”.

Ироқчӣ ҳамчунин, бо баёни ин, ки  дар ҳоли ҳозир тамос вуҷуд надорад гуфт: “Аммо амрикоиҳо медонанд чи гуна бо ман иртибот барқарор кунанд, агар бихоҳанд суҳбат кунанд. Ҳозир тамосе вуҷуд надорад”.

Наметавонед ҳукуматро тағйир диҳед дар ҳоле, ки миллионҳо нафар ҳомии ҳукумат ҳастанд

Вазири корҳои хориҷии Эрон ҳамчунин, дар ин мусоҳиба гуфт: “Шумо наметавонед ҳукуматро тағйир диҳед дар ҳоле ки миллионҳо нафар ҳомии ҳукумат ҳастанд. Фақат дар роҳпаймоии 22-и баҳмани имсол нигоҳ кунед, ки 30 миллион нафар дар хиёбонҳо чӣ гуна аз Инқилоби Исломӣ пуштибонӣ карданд”.

Ироқчӣ дар охир гуфт: “Мо миллати бузург бо тамаддуни аъзим ҳастем; ҳазорон сол устувор мондем. Мо медонем, ки чӣ гуна аз худ дифоъ кунем ва устувор мемонем”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.