Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Вохӯрии вазири корҳои хориҷӣ бо донишҷӯёни тоҷик дар Британияи Кабир
Бинобар иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳошияи баргузории нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир дар қолаби «С5+1», 25-уми феврали соли 2026 дар бинои Парлумони Британияи Кабир мулоқоти донишҷӯёни кишварҳои Осиёи Марказӣ бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои худ баргузор гардид.
Манбаъ меафзояд, ки Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот бо ҳаёти донишҷӯёни тоҷик ва таҳсили онҳо дар муассисаҳои олии Британияи Кабир шинос шуд.
“Ҳамасола тавассути стипендияи президентии «Дурахшандагон» ҷавонони тоҷик ба кишварҳои мутараққӣ, аз ҷумла Британияи Кабир сафарбар гардида, дар риштаҳои иқтисод, сиёсат ва забономӯзии маъруфтарин донишгоҳҳои ин кишварҳо таҳсил мекунанд”, - зикр мегардад дар хабарнома.
Ҳамчунин, иттилоъ дода мешавад, ки дар ҳошияи ин нишаст Сироҷиддин Муҳриддин ва вазири корҳои хориҷӣ, иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Иветт Куппер Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илм, таҳсилоти олӣ ва омӯзишӣ забони англисӣ имзо намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”