27 Сентябр 2026,
якшанбе, 22:02, Душанбе
26.02.2026 10:09

Ироқчӣ: “Барои ҳар ду гузина - “ҷанг ва сулҳ” комилан омодаем”

Вазири корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид карда, ки кишвараш барои ҳар ду гузина - ҷанг ва сулҳ комилан омодагӣ дорад.

Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷаи ҶИЭ дар гуфтугӯ бо расонаи “Индиа тудей” (India Today) дастёбӣ ба тавофуқи мунсифона, мутавозин ва одилонаро имконпазир донист ва эълом кард: “Мо метавонем онро амалӣ кунем, албатта неруҳои мусаллаҳи мо омодаи анҷоми вазифаи худ ҳастанд ва мо медонем чигуна аз худ дифоъ кунем”

Матни комили гуфтугӯ бад-ин шарҳ аст:

Рӯзноманигор: Иҷоза диҳед бо суханронии “Вазъияти кишвар”-и раисиҷумҳур Трамп шуруъ кунем: тӯлонитарин суханронии ӯ, аммо дар он ба Эрон ҳушдор додааст. Оё Эрон омода аст?

Ироқчӣ: Пеш аз ҳар чиз, аз шумо барои даъвататон ташаккур мекунам. Дар посух ба пурсиши шумо, албатта ки мо омодаем. Мо комилан барои ҳар ду гузина омода ҳастем: ҷанг ва сулҳ.

Ҳамон тавре, ки медонед, имрӯз баъд аз нисфирӯзӣ ба Женева меравам, то севумин даври гуфтугӯҳоямон бо тими амрикоиро баргузор кунем. Дар даври қаблӣ пешрафтҳое доштем. Тавонистем ба навъе тафоҳум даст пайдо кунем ва фикр мекунам бар асоси ҳамон тафоҳумҳо битавонем чизе дар қолаби як тавофуқ, як муомила, бино кунем.

Ба гумони ман, дастёбӣ ба тавофуқи мунсифона, мутавозин ва одилона имконпазир аст ва мо метавонем онро амалӣ кунем. Албатта неруҳои мусаллаҳи мо омодаи анҷоми вазифаи худ ҳастанд ва мо медонем чи гуна аз худ дифоъ кунем: ҳамон коре ки дафъаи пеш анҷом додем. Аз ҷанги гузашта дарсҳои зиёде гирифтаем, бинобар ин, акнун омодагии бештаре дорем.

Дар воқеъ, ба ин маъност, ки ҳадаф ҷилавгирӣ аз ҷанг аст. Вақте барои ҷанг омода бошед, метавонед аз он пешгирӣ кунед: дар ғайри ин сурат, онро ба хонаи худ даъват кардаед. Пас мо комилан омодаем, на ба ин далел ки хоҳони ҷанг ҳастем, балки чун мехоҳем аз ҷанг ҷилавгирӣ кунем. Ман марди дипломатия ҳастам. Бояд дар бораи кори худам суҳбат кунам ва муътақидам масире, ки дар пеш гирифтаем беҳтарин роҳи мумкин барои ҳалли ин масъала аст.

Барои Барномаи ҳастаии сулҳомези Эрон гузинаи низомӣ вуҷуд надорад. Агар нигароние вуҷуд дорад, агар пурсише ҳаст, агар мушкилоте матраҳ аст, мо омодаи расидагӣ ба он ҳастем. Омодаи посух додан ба пурсишҳо ҳастем. Омодаи рафъи нигарониҳо ҳастем, аммо омода нестем аз ҳаққи худ барои истифодаи сулҳомез аз фанноварии ҳастаӣ сарфи назар кунем. Ин мавзеи мо ва хостаи мост. Бинобар ин, муътақидам фардо дар Женева имконе барои расидан ба як роҳи ҳалли мавриди тавофуқ, мунсифона ва мутавозин вуҷуд дорад.

Сайид Аббос Ироқчӣ: мушакҳои мо моҳияти дифоӣ доранд

Рӯзноманигор: Президенти Амрико, ки бо ҳеч яке аз президентҳои пешин қобили муқоиса нест, ба изҳороташ нигоҳ кунед ва лутфан ба он вокуниш нишон диҳед. Ӯ дар суханронии “Вазъияти кишвар”-и худ ба равшанӣ гуфтааст, ки Эрон дар ҳоли тавсеаи мушакҳое аст, ки метавонанд ба Амрико бирасанд. Ҳамчунин, дар музокирот шарту шароит ин будааст, ки ҳеч гуна ғанисозӣ анҷом нашавад. Ин иддаои марбут ба мушакҳо дақиқан аз куҷо матраҳ мешавад?

Ироқчӣ: Ба назар ман акнун худи ӯ мутаассифона қурбонии ахбори ҷаълӣ шуда аст. Мо чунин мушакҳое тавсеа намедиҳем. Мо амдан бурди мушакҳои худро ба 2000 километр маҳдуд кардаем. Ин фақат барои дифоъ аз худамон аст. Мушакҳои мо моҳияти дифоӣ доранд: сирфан барои боздорандагӣ сохта шудаанд ва барои кумак ба мо дар дифоъ аз худамон ҳастанд, дақиқан ҳамон тавре ки дар июни соли гузашта амал карданд. Мо оғози он даргирӣ набудем: ин исроилиҳо ва сипас, амрикоиҳо буданд. Мо фақат аз худ дифоъ кардем. Аз назари онҳо шояд иқдоми ғайриқонунӣ фаҳмида шавад, аммо аз назари мо як иқдоми қонунӣ дар чорчӯби дифоъ аз худ буд.

Сайид Аббос Ироқчӣ: ҳаргиз дар баробари таҳдидҳо таслим нахоҳем шуд

Рӯзноманигор: Шумо дар бораи Қатар, Арабистони Саудӣ ва Иморот суҳбат мекунед. Дар он ҷо пойгоҳҳое вуҷуд дорад. Аммо онҳо сароҳатан эълом кардаанд, ки иҷоза нахоҳанд дод аз хок, ҳарими ҳавоӣ ё обҳояшон истифода шавад. Ҳеч кас дар ин минтақа хоҳони ҷанг нест. Бо ин ҳол ба назар мерасад президент Трамп бештар аз даричаи нигоҳи Нетаняҳу ба мавзуъ менигарад, то аз манзари муттаҳидонаш дар Ховари Миёна.

Ироқчӣ: Ин мавзее аст, ки ҳама кишварҳои минтақа пеш гирифтаанд. Манзури шумо дӯстони араби мо ва дигар кишварҳои минтақа аст, ки ба равшанӣ эълом кардаанд мухолифи ҷанг ҳастанд ва намехоҳанд чунин иттифоқе рух диҳад.

Бале, дар қаламрави бархе аз онҳо пойгоҳҳои амрикоӣ вуҷуд дорад. Онҳо итминон додаанд, ки иҷоза нахоҳанд дод аз хок, обҳо ё ҳарими ҳавояшон алайҳи Эрон истифода шавад, албатта то ҳадде ки битавонанд онро контрол кунанд. Намедонам ин мавзуъ то чи андоза қобили контрол бошад.

Мо аз мавозеи онҳо сипосгузорем ва умедворам ин вазъият идома дошта бошад. Аммо агар - худое нокарда Амрико тасмим бигирад ба мо ҳамла кунад, пойгоҳҳояш дар минтақа аҳдофи қонунӣ хоҳанд буд ва инҳо пойгоҳҳои амрикоӣ ҳастанд. Мо онҳоро пойгоҳҳои Амрико медонем, на хоки ҳамсоягонамон ё сарзамини ҳеч кишвари дигаре.

Ҳамон тавре, ки дафъаи қабл чорае ҷуз ҳамла ба пойгоҳи амрикоӣ дар Қатар надоштем, зуд бо бародари азизам вазири корҳои хориҷаи Қатар тамос гирифтам. Ҳатто пеш аз ҳамла бо ӯ суҳбат кардам ва иттилоъ додам ва гуфтам: лутфан бародари ман, огоҳ бошед ки ин ҳамла алайҳи Қатар нест. Ин ҳамла алайҳи пойгоҳи Амрико аст, ки мутаассифона дар Қатар қарор дорад. Мо тавзеҳ додем ва талош кардем ин дарк эҷод шавад, ки ин иқдом алайҳи кишвари бародари мо - Қатар, нест.

Рӯзноманигор: Медонам ки масъулияти бузурге бар дӯши шумост: масъулияти сулҳ дар саросари минтақа ва ҳатто ҷаҳони имрӯз. Аммо агар гуфтугӯҳо дар Женева шикаст бихӯрад, гузинаҳои низомӣ вуҷуд дорад ва “Раҳбари олӣ” низ яке аз ҳадафҳои матраҳшуда аст. Ин мавзуъ дар паёмҳое, ки аз Вашингтон ирсол мешавад комилан равшан аст.

Ироқчӣ: Бале, гузинаи низомӣ вуҷуд дорад. Онҳо ҳузури низомии густардае дар атрофи мо эҷод кардаанд. Агар ҳадаф ин аст, ки моро таҳдид кунанд то таслим шавем, чунин чизе ҳаргиз иттифоқ нахоҳад афтод. Ин қатъӣ аст. Мо онро собит кардаем.

Дар ҷанги гузашта, замоне ки Исроил ба мо ҳамла кард, шояд ба ёд дошта бошед, ки дар рӯзи севуми ҷанг паёме мунташир шуд бо ин мазмун ки “таслими бидуни қайду шарт”. Аммо чунин иттифоқе наафтод. Пас аз 12 рӯз, онҳо дархости оташбаси бидуни қайду шарт карданд ва ҳамонро пазируфтанд, зеро бидуни қайду шарт буд. Агар таҷрибаи шикастхӯрдаро такрор кунед, натиҷаи беҳтаре нахоҳед гирифт: ба вижа ин ки ҳамон тавре, ки пештар гуфтам, мо акнун омодагии бештаре нисбат ба гузашта дорем.

Дар чунин шароите пирӯзӣ барои ҳеч кас вуҷуд нахоҳад дошт. Ин як ҷанги вайронгар хоҳад буд. Ва аз он ҷо ки пойгоҳҳои амрикоӣ дар нуқоти мухталифи минтақа парокандаанд, мутаассифона мумкин аст кулли минтақа даргир ва вориди ин ҷанг шавад. Ин сенарияи бисёр хатарнок, ҳатто намехоҳам дар бораи он суҳбат кунам.

Дар ин минтақа танҳо як мавҷудият вуҷуд дорад, ки хоҳони ҷанг аст ва он Исроил аст. Воқеият ин аст, ки Исроил талош мекунад Иёлоти Муттаҳидаро ба ҷанг бо Эрон бикашонад. Онҳо наметавонанд ба танҳоӣ ин корро анҷом диҳанд. Талош карданд ва шикаст хӯрданд ва аз Амрико хостанд ба онҳо кумак кунад. Ва акнун ман муътақидам, ки ин як тарҳи исроилӣ барои кашондани Иёлоти Муттаҳида ба ҷанг дар ин минтақа аст.

Рӯзноманигор: Оё миёни Исроил ва Нетаняҳу тафовут қоил мешавед? Ӯ нахуствазири Исроил аст.

Ироқчӣ: Ӯ фарде аст, ки дар ҳоли ҳозир ҳидояти Исроилро бар уҳда дорад. Ин як тарҳи фоҷеабор аз сӯи исроилиҳо аст. Онҳо шояд мехоҳанд қудрати худро бар минтақа ҷорӣ кунанд, аммо чунин чизе рух нахоҳад дод. Бо ин ҳол, нишонаҳои зиёде мебинем ки нишон медиҳад ин онҳо ҳастанд, ки талош мекунанд раисиҷумҳур Трампро ба ҷанг бо Эрон бикашонанд: иқдоме, ки агар анҷом шавад, бисёр таассуфбор хоҳад буд ва бар хилофи манофеи мардуми Амрико хоҳад буд.

Рӯзноманигор: Бо эҳтиром ҷаноби вазир, нахуствазири мо дар Исроил ҳузур дорад. Нигоҳи Эрон ба ин мавзуъ чист? Эрон чигуна ин мавзуъро арзёбӣ мекунад, ки Ҳинд равобити худро ҳам бо Исроил ва ҳам бо Эрон, ки шарики муҳимме барои он аст, мутавозин мекунад?

Ироқчӣ: Исроил ҳамон тарафе аст, ки кулли Ғаззаро вайрон карда аст. 75 ҳазор нафар кушта шудаанд ва ин як иддао нест: ин воқеиятест, ки тақрибан ҳама созмонҳои байналмилалии марбут ба масъалаи Ғазза онро таъйид кардаанд.

Ҳафтод ҳазор нафар кушта шудаанд. Ин як наслкушӣ аст. Бинобар ин, табиӣ аст, ки мо муомила бо як режими наслкушро муносиб намедонем. Албатта тасмимгирӣ бо дӯстони мо дар Ҳинд аст. Аммо умедворам замоне, ки нахуствазир Мудӣ онҷост, ба масъалаи фаластиниҳо ва ҳаққи онҳо барои таъйини сарнавишт низ бипардозад ва шояд ба ҷаҳон ёдоварӣ кунад, ки ҷанг роҳи ҳал нест. Албатта мутмаинам, ки ӯ чунин хоҳад кард.

Мо ҳамвора равобити бисёр хубе бо Ҳинд доштаем. Ҳинд дӯсти Эрон аст ва равобити мо решаи таърихӣ дорад. Ман ҳамвора аз доштани равобити дуҷонибаи хуб дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ хурсанд будаам ва мехоҳем ин раванд идома ёбад. Ман бо ҳамтои худ, ҷаноби Ҷайшанкар, иртиботи хубе дорам. Мо ҳамвора дидгоҳҳои худро табодул мекунем ва равобити шахсии бисёр хубе дорем.

Бинобар ин, барои Эрон ва Ҳинд орзуи тадовуми равобити хуб ва дӯстона дорам ва итминон дорам, ки ин равобит идома хоҳад ёфт. Ҳамчунин, умедворам Ҳинд нақши мусбат ва созандаи худро барои барқарории сулҳ ва субот дар минтақаи мо ифо кунад ва аз идомаи ҷиноятҳо ва куштори бештар фаластиниён тавассути исроилиҳо ҷилавгирӣ шавад.

Рӯзноманигор: Шумо бисёре аз мақомот ва фармондеҳони аршади худро аз даст додаед, онҳо дар терорҳо кушта шудаанд. Дигар суҳбат аз тавтиа нест: онҳо терор шуданд, тавассути неруҳои исроилӣ. Осебпазирии системи амниятии худро чигуна арзёбӣ мекунед?

Ироқчӣ: Бояд бипазирем, ки чунин нуқтазаъфе вуҷуд дошт. Акнун бар он ғалаба кардаем. Ҳамон тавр, ки гуфтам, аз Ҷанги 12-рӯза дарсҳои зиёде гирифтем. Бале, ин яке аз нуқоти заъфи мо буд, аммо масъала ин аст, ки ҳама он фармондеҳони олирутба фавран ҷойгузин шуданд ва мо тавонистем аз ҳамон рӯз дифоъ аз худро оғоз кунем. Ҳамон шабе, ки исроилиҳо ба мо ҳамла карданд, мо низ бо мушак ба онҳо посух додем ва бо гузашти ҳар рӯз, мушакҳои мо дақиқтар ва ҳадафмандтар шуданд.

Ба ҳамин далел буд, ки дар рӯзи дувоздаҳум, онҳо дархости оташбас доданд: оташбаси бидуни қайду шарт. Амрикоиҳо бо ман тамос гирифтанд ва гуфтанд, Исроил мутаваққиф хоҳад шуд, шумо ҳам лутфан мутаваққиф шавед. Мо гуфтем агар оташбас бидуни қайду шарт бошад, қабул мекунем: дар ғайри ин сурат ба дифоъ аз худ идома хоҳем дод. Аммо дар бораи масъалаи дохилии худамон бояд бигӯям, ки бояд дарк кунем ин як амалиёти террористӣ буд. Ва мутмаинам агар Ҳинд бо амалиёти террористии мушобеҳе рӯ ба рӯ шавад, дақиқан ҳамин корро анҷом хоҳад дод.

Низоми мо вобаста ба афрод нест: ин як низомест, ки аз сӯи мардум ҳимоят мешавад. Чанд рӯз пеш дар 47-умин солгарди Инқилоб дидед, ки теъдоди зиёде аз мардум дар шаҳрҳои мухталиф ба хиёбонҳо омаданд то аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳимоят кунанд.

Ҳатто теъдоди ширкаткунандагон аз соли гузашта ҳам бештар буд, зеро имсол мардум эҳсос карданд, таҳдидҳое вуҷуд дорад ва бояд ба хиёбон биёянд ва нақши худро ифо кунанд. Бинобар ин, ман аслан нигарон нестам.

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.