26 Ноябр 2026,
панҷшанбе, 15:36, Душанбе
24.02.2026 16:21

“Ал-Ҷазира” баррасӣ кард: чаро Эрон таслими фишорҳои Амрико намешавад?

“Ал-Ҷазира” (Al Jazeera) дар мақолае нуқтаҳои қуввати Эрон дар музокироти ҳастаӣ ва далелҳои таслим нашудани он дар баробари фишорҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро баррасӣ кард.

Дар идомаи таҳлилҳои маҳфилҳо ва расонаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ аз таҳаввулоти марбут ба музокироти ҳастаии Эрон ва Амрико ва мавзеъҳои қотеи Теҳрон дар баробари таҳдидҳои Вашингтон, “Ал-Ҷазира” дар мақолае таҳти унвони “Эрон таслим намешавад” ба баррасии масъалаҳои ин музокирот ва далелҳои муқовимати шигифтангези Эрон дар баробари таҳдидҳои Амрико пардохтааст.

Эрон таслим намешавад

Дар овозаҳои ҳайрати Амрико аз саркашии Теҳрон аз таслим шудан бо вуҷуди фишорҳои ҳамаҷонибаи Вашингтон, посухи Эрон комилан рӯшан буд: “Мо таслим нахоҳем шуд”.

Дар ҳоле, ки Амрико ҳамчунон ба тақвияти неруи низомии худ дар минтақа идома медиҳад ва лаҳни таҳдидҳоро ташдид кардааст, Эрон бо ёдоварии таҷрибаи музокироти қаблӣ, ки бо хиёнат ва фиребкории Амрико ҳамроҳ буд ва сабабгори оғози як ҷанги 12-рӯза шуд, дар ҳоли намоиши қобилиятҳои боздорандаест, ки ҷангро барои тарафи амрикоӣ пурхарҷ мекунад.

Ҳамзамон, дипломатия бо суръати ғайримаъмулие дар ҳоли пешрафт аст, матнҳои пешнавис мубодила мешаванд ва даври ҷадиде аз музокирот дар Женева дар интизор аст. Дар ин миён, Эрон бар музокироти ғайримустақим исрор дорад, баҳсро фақат ба мавзуи ҳастаӣ маҳдуд мекунад ва дарро барои масъалаҳои иқтисодӣ боз мегузорад. Аммо ин масир ба куҷо меанҷомад - ба сӯи як тавофуқи эҳтимолӣ ё озмуни хатарноктар?

Стив Уиткофф, фиристодаи Амрико ахиран дар эътирофи аҷибе гуфт, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико аз саркашии эрониён аз таслим шудан бо вуҷуди фишори шадиди низомии Амрико шигифтзада шудааст.

Уиткофф дар гуфтугӯ бо “Fox News” эълом кард, ки қонеъ кардани Теҳрон ҳамчунон душвор аст ва эрониён исрор доранд, ки барномаи ҳастаии онҳо сулҳомез аст.

Аммо Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон дар посух ба ин изҳорот, навишт: “Кунҷковед, ки чаро мо таслим намешавем? Зеро мо эронӣ ҳастем”.

Дар ин замина суолҳои зиёде дар бораи мавқеи Эрон ва ин ки чаро таслим нашудааст, матраҳ мегардад. Теҳрон ба ин муқовимат ифтихор мекунад, аммо оё аз вуқуи ҷанг наметарсад?

Алӣ Хоманаӣ, раҳбари Инқилоби Исломии Эрон, гуфтааст: “Новҳои ҳавопаймобар қатъан хатарнок ҳастанд, аммо хатарноктар аз онҳо силоҳҳое ҳастанд, ки метавонанд онҳоро ба қаъри об фиристанд”.

Мақомҳои эронӣ таъкид мекунанд, ки собиқаи музокироти қаблиро фаромӯш накардаанд. Ҷанги 12-рӯза дар ҳоле оғоз шуд, ки музокирот бо Вашингтон дар ҷараён буд, танҳо ду рӯз пеш аз даври шашум, ки қарор буд дар Масқат, пойтахти Умон, баргузор шавад.

Мавқеи расмии Эрон ва худдорӣ аз баҳсҳои ғайриҳастаӣ

Амрико Эронро ба ҷиддӣ набудан дар музокирот муттаҳам мекунад, аммо Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, ин иттиҳомро рад карда, гуфтааст, ки кишвараш ба идомаи раванди дипломатӣ ҷиддӣ ва пойбанд аст.

Вазири корҳои хориҷии Умон ба унвони миёнҷӣ, гуфтааст, ки даври ояндаи музокирот панҷшанбеи оянда дар Женева баргузор хоҳад шуд.

Мақомҳои эронӣ таъкид доранд, ки музокирот бо Амрико аз масъалаи ҳастаӣ фаротар нарафтааст. Ба гуфтаи онҳо, барномаи мушакии Эрон ва муттаҳидони минтақавии он дар дастури кори музокирот набудааст ва Теҳрон аз баҳс дар бораи масоили ғайриҳастаӣ худдорӣ мекунад.

Дар ин замина, дар бораи имтиёзҳои иқтисодие, ки Теҳрон метавонад ба Вашингтон пешниҳод кунад, баҳсҳо матраҳ шудааст. Ҳамид Қанбарӣ, узви тими музокиракунанда ва муовини вазири корҳои хориҷии Эрон, гуфтааст, ки Амрико аз тавофуқи ҳастаии соли 2015 манофеи иқтисодӣ ба даст наовардааст ва ин бор бояд битавонад ба дастовардҳои иқтисодӣ даст ёбад.

Ӯ ба бахшҳои энергетикӣ, нафт ва газ, сармоягузориҳои маъданӣ ва бахшҳои марбут ба рушди шаҳрӣ ишора кардааст.

Чаро Эрон бар музокироти ғайримустақим исрор дорад?

Теҳрон ҳамчунон бар ғайримустақим будани музокирот бо Амрико таъкид дорад. Ироқчӣ гуфтааст, ки дидори кӯтоҳи ду ҳайат пас аз даври аввал дар Масқат дар чорчӯби раванди маъмул ва табодули эҳтиромҳо будааст.

Исрори Эрон бар музокироти ғайримустақим аз ин бовар сарчашма мегирад, ки музокироти мустақим метавонад ба Амрико қудрати нуфузи бештар диҳад.

Аз сӯи дигар, музокироти ғайримустақим барои эрониён фазои манёври сиёсии бештар фароҳам мекунад ва ба онҳо имкон медиҳад, бидуни даргир шудан дар муомилаи мустақим, ниятҳои тарафи амрикоиро биозмоянд.

Ба таври куллӣ, Теҳрон анҷоми музокирот аз тариқи миёнаравҳоро тарҷеҳ медиҳад, махсусан бо таваҷҷуҳ ба фазои беэътимодии ҳоким миёни мақомоти Эрон ва Амрико.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.11.2026 12:58

Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон ҳамроҳи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода дар деҳаи Маликдашти ҷамоати деҳоти Кӯҳаншаҳр корхонаи истеҳсоли нон ва маҳсулоти нонии «Нони Модар»-ро мавриди истифода қарор доданд.
26.11.2026 12:55

Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, прокурори генералӣ Ҳабибулло Воҳидзода ва вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар деҳаи Деҳлоли ҷамоати деҳоти Чашмасорони ноҳияи Муъминобод бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48-ро мавриди истифода қарор доданд.
26.11.2026 12:54

Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж

25-уми ноябр дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж дар доираи чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём бо иштироки Оркестри давлатии симфонӣ ва ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи бошукӯҳи консертӣ баргузор гардид.
26.11.2026 09:41

Ким Чин Ин хостори тавлиди бештари силоҳҳои ҳастаии тактикӣ шуд

Ким Чин Ин, раҳбари Кореяи Шимолӣ, таъкид кардааст, ки силоҳҳои ҳастаии тактикӣ бояд дар бахшҳои гуногун ҷойгир ва иқтидори истеҳсоли маводи ҳастаӣ дар кишвараш афзоиш дода шавад.
26.11.2026 09:16

Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад

Шурои Иттиҳоди Аврупо ҷудо кардани 45 миллиард евро барои Украинаро тасвиб кард. Ин маблағ бахше аз барномаи дусолаи кумаки молӣ ба Киев аст, ки ҳаҷми умумии он 90 миллиард евроро ташкил медиҳад.
25.11.2026 17:40

Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад

Миллионҳо хонавода дар Британия аз оғози соли нави мелодӣ бо афзоиши назарраси хароҷоти неруи барқ ва газ рӯбарӯ мешаванд. Мақомоти танзимкунандаи бозори энержии ин кишвар эълон кардаанд, ки ҳадди ниҳоии нархи барқ ва газ барои сокинон 26 дарсад боло бурда мешавад. Ин тасмим дар ҳолест, ки болоравии нархи газ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва танишҳо дар Ховари Миёна ба бозори энержии Британия таъсир расонидаанд.
25.11.2026 17:28

Ройтерз: Фишори Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Путин натиҷаи баръакс дод

Ройтерз аз қавли як таҳлилгари масъалаҳои сиёсӣ Раҷаб Сафаров навишт, ки фишори Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Владимир Путин дар вақти сафар ба шаҳри Душанбе натиҷаи баръакс дод. Ӯ гуфтааст, ки қарори Тоҷикистон дар бораи хуруҷ аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ба афзоиши сиёсисозии фаъолияти ин ниҳод рабт дорад.
25.11.2026 14:38

Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст

Мақомоти Русия мегӯянд, ки ҳамлаҳои паҳподии Украина ба чанд минтақаи ин кишвар дар шаби гузашта идома ёфта, дар натиҷаи он як нафар кушта ва хисороти молӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин, дар баъзе минтақаҳо қатъи неруи барқ гузориш шудааст.
25.11.2026 14:28

Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард

Си Ҷинпин, роҳбари Ҷумҳури мардумии Чин эълон кардааст, ки Пекин аз талошҳои мардуми Фаластин барои расидан ба ҳуқуқҳои қонунии миллии худ қатъиян пуштибонӣ мекунад. Ӯ ҳамчунин, ҳар гуна кӯшиши ишғоли сарзаминҳои Фаластин ва нақзи ҳуқуқи мардуми ин кишварро маҳкум карда, онро ғайриқобили қабул донистааст.