Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Муҳаммад Содиқ: “Шумори “террористҳои ӯзбек”-и мустақар дар Афғонистон беш аз 2500 тан аст”
Муҳаммад Содиқ, намояндаи вижаи Покистон барои Афғонистон дар гуфтугӯ бо Исматулло Иргашев, намояндаи вижаи Президенти Ӯзбекистон оид ба Афғонистон гуфтааст, ки беш аз 2 ҳазору 500 фарди мусаллаҳи мухолифи давлати Ӯзбекистон дар Афғонистон мустақар ҳастанд.
Содиқ рӯзи сешанбе, 24-уми феврал дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии “Х” навиштааст, ки ду тараф ҳамчунин, дар бораи ҳузури гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон ва таҳдиди он барои кишварҳои ҳамсоя гуфтугӯ кардаанд.
Ба гуфтаи Содиқ, мухолифони мусаллаҳи давлати Ӯзбекистон дувумин гурӯҳи бузург пас аз Таҳрики Толибон Покистон (TTP) дар Афғонистон ҳастанд.
Зоҳиран ин нахустин бор аст, ки намояндаи вижаи Покистон ба таври ошкоро дар бораи шумори мухолифони мусаллаҳи давлати Ӯзбекистон, ки дар Афғонистон мустақар ҳастанд, суҳбат мекунад.
Ӯ ин изҳоротро пас аз ҳамлаҳои ҳавоии Покистон ба вилоятҳои Нангарҳор, Пактико ва Хӯст баён кардааст.
Покистон иддао кардааст, ки дар ин ҳамлаҳо беш аз 70 ҷангҷӯ аз гурӯҳҳои Таҳрики Толибони Покистон, “Ал-қоида” ва ДОИШ кушта шудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”