Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Эмомалӣ Раҳмон: “Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар шароити сахту сангин ташаккул ва обутоб ёфтанд, таҷриба ва маҳорати ҷангӣ ба даст оварданд”
Имрӯз (23-уми феврал) бахшида ба 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёми шодбошӣ ироа намуданд. Сарвари давлат дар аввали суханронии худ нақши Артиши миллиро ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини тоҷикон таъкид намуда, хизматчиёни ҳарбиро бо ин санаи таърихӣ самимона табрик гуфтанд.
Президент иброз намуданд, ки Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори ташаккули давлатдорӣ дар шароити ниҳоят мураккаб таъсис ёфта, марҳила ба марҳила такмил ёфтааст. Ба гуфтаи Сарвари давлат, “Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар шароити сахту сангин ташаккул ва обутоб ёфтанд, таҷриба ва маҳорати ҷангӣ ба даст оварданд”.
Сарвари давлат бо сарфарозӣ аз хизмати содиқонаи афсарону сарбозон ёдовар шуда, изҳор намуданд: “Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳимояи истиқлолу озодии кишвар, ҳифзи марзу буми Ватан, суботу оромӣ ва амнияти давлату ҷомеа ҳамчун сипари боэътимод хизмат карда истодаанд”.
Дар идомаи суханронӣ Пешвои миллат вазъи мураккаби ҷаҳони муосирро таҳлил намуда, зарурати тақвияти иқтидори мудофиавии кишварро таъкид карданд. Сарвари давлат аз шиддат гирифтани равандҳои геополитикӣ, афзоиши таҳдидҳои терроризму экстремизм, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар зуҳуроти хатарзо ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки дар чунин шароит баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ ва касбияти ҳайати шахсӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Ба гуфтаи Президент, танҳо кадрҳое метавонанд амнияту суботи ҷомеаро таъмин намоянд, ки дорои донишҳои муосири ҳарбӣ ва малакаи баланди касбӣ бошанд: “Дар замони пешрафти бесобиқаи илму техника ва технологияҳо танҳо кадрҳое метавонанд амнияту давлат ва суботи ҷомеаро таъмин намоянд, ки дорои донишҳои муосири ҳарбӣ ва сатҳи баланди касбият буда, технологияҳои навтаринро аз худ кардаанд”.
Дар фарҷоми паём, Сарвари давлат бо изҳори боварӣ ба неруи матини ҳомиёни Ватан чунин гуфтанд: “Бовар дорам, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат минбаъд низ рисолати муқаддас ва қарзи ҷавонмардии худ – ҳифзи амнияти давлату ҷомеа, зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи мардуми Тоҷикистонро бо интизоми намунавӣ, донишу малакаи муосир, руҳияи баланди ватандӯстӣ, иродаи мустаҳкам, садоқат ба Ватан, давлат ва халқи мамлакат сарбаландона иҷро менамояд”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”