27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
19.02.2026 16:11

Расвоии тозаи хонадони салтанатии Бритониё: бародари Чарлзи севум боздошт шуд

Полиси Англия рӯзи панҷшанбе Эндрю Маунтбеттен-Виндзор, бародари Чарлзи севум, подшоҳи ин кишварро дар иртибот бо ёфтаҳои тозаи марбут ба парвандаи Ҷеффри Эпштейн, сармоядори амрикоии муттаҳам ба ҷиноятҳои ҷинсӣ, боздошт кард.

Оливер Райт, муовини раиси полиси минтақаи Темз Велли, гуфт пас аз арзёбии комили асноди парванда, таҳқиқот оғоз шудааст ва полис барои ҳифзи “тамомият ва бетарафӣ”-и раванди баррасӣ, ҷузъиёти бештареро дар ин марҳила мунташир нахоҳад кард. Вай бо ишора ба ҳассосияти парванда гуфт, полис аз мизони таваҷҷуҳи умумӣ ба ин мавзуъ огоҳ аст ва дар замони муносиб иттилоърасонӣ хоҳад кард.

Дар ҳоле, ки полис аз ном бурдан худдорӣ кардааст, расонаҳои англисӣ гузориш додаанд фарди боздоштшуда Эндрю Маунтбеттен-Виндзор, бародари подшоҳ аст, ки солҳост номи ӯ бо парвандаи Ҷеффри Эпштейн, сармоядори бадноми амрикоии муттаҳам ба ҷиноятҳои ҷинсӣ, гиреҳ хӯрдааст.

Бар асоси гузоришҳо, меҳвари асноде, ки полис дар ҳоли баррасии он аст, ба даврони нақшҳои расмии пешини ӯ дар дарбор бармегардад ва акнун дар қолаби “сӯистифода аз мақоми умумӣ” мавриди расидагӣ қарор гирифтааст.

Парвандаи Эпштейн, ки тайи солҳои гузашта бахшҳое аз он дар қолаби аснод ва мукотибаҳое мунташир шудааст, борҳо номи бархе чеҳраҳои сиёсӣ ва иқтисодии Ғарбро ба ҳошия кашонда ва дар Англия низ ба яке аз сангинтарин чолишҳои ҳайсиятӣ барои хонадони салтанатӣ табдил шудааст. Эпштейн дар Амрико ба ҷиноятҳои ҷинсӣ муттаҳам буд ва дар соли 2019 дар зиндон ҷон бохт.

Бародари подшоҳи Англия пештар ҳар гуна ҳамкорӣ бо Эпштейнро рад карда буд. Фишорҳои сиёсӣ ва расонаӣ дар соли 2019 пас аз гуфтугӯи телевизионии ҷанҷолии ӯ бо “Би-би-сӣ” шиддат гирифт ва Эндрю эълом кард аз анҷоми вазифаҳои умумӣ канора мегирад. Чанд сол баъд низ ӯ дар парвандаи ҳуқуқии матраҳшуда аз сӯи Вирҷиния Ҷуфри дар Амрико ба тавофуқи берун аз додгоҳ расид, ки ҷузъиёти молии он маҳрамона боқӣ монд ва танҳо аз кумаки молии қобили таваҷҷуҳ ба як ниҳоди ҳимоятӣ сухан гуфта шуд.

Акнун бо вуруди парванда ба марҳилаи боздошт ва бозрасӣ, нозирон дар Англия мегӯянд он чи зери сояи эътибори рамзии салтанат пинҳон мемонд, бори дигар ба озмоиши посухгӯии ниҳодҳои ҳокимиятӣ табдил шудааст, ки натиҷаи он метавонад барои ҷойгоҳи хонадони салтанатӣ ва иддаоҳои дерина дар бораи меъёрҳои ахлоқӣ дар раъси қудрат, паёмадҳои тозае ба ҳамроҳ дошта бошад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.