Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ тақдим шуд
Тавре ки АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, 18-уми феврал ба 67 ҷоизадори мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 2 миллиону 40 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд.
Гуфта мешавад, ки ҳамасола ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои сатҳи байналмилалалии варзишӣ бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд карда мешаванд.
Манбаъ меафзояд, ки дар маросими ҷоизасупории соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ғолибони озмунҳои «Варзишгари беҳтарини сол», «Мураббии беҳтарини сол», «Мактаби варзишии беҳтарини сол», «Беҳтарин федератсияи варзишии сол», «Беҳтарин иншооти варзишии сол», «Беҳтарин шаҳри варзишии сол», «Беҳтарин воситаи ахбори омма дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Беҳтарин сохтори маҳаллӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Шореҳи беҳтарини соҳаи варзиш» ва «Варзишгар-навраси умедбахш» қадрдонӣ шуданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки давоми соли гузашта варзишгарони тоҷик аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ба хазинаи варзишии мамлакат 510 медал, аз ҷумла 140 медали тилло, 166 нуқра ва 204 медали биринҷӣ ворид намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”