27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:16, Душанбе
18.02.2026 12:58

Паёми шодбошии Эмомалӣ Раҳмон: “Мо бояд дар фикри аҳли оила, фарзандон ва наздикону пайвандони худ бошем”

18-уми феврали соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон ба мардуми кишвар паёми шодбошӣ ирсол намуданд.

Пешвои миллат Рамазонро моҳи файзу баракат, хайру саховат ва сабру таҳаммул арзёбӣ карда, барои ҳар хонадони кишвар саодату осоиш ва муваффақият орзу намуданд. Дар паём таъкид гардид, ки ҳикмати рӯза танҳо худдорӣ аз хӯрдану ошомидан нест, балки покизагии ботин, дурӣ аз кинаву адоват ва анҷоми амалҳои неку шоиста дар ҷомеа аҳаммияти аввалиндараҷа доранд: “Парҳезгорӣ, саховатмандӣ ба атрофиён, дасти ниёзмандонро гирифтан, аз рӯйи тавону имкон кумак кардан ба наздикони худ ва анҷом додани дигар амалҳои неку савоб аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки дар ин моҳ барои мусулмонон савоби бештар доранд”.

Президенти кишвар аз шаҳрвандон даъват ба амал оварданд, ки дар моҳи муборак ба ятимону маъюбон ва ниёзмандон дасти ёрӣ дароз намуда, аз исрофкорӣ ва зоҳирпарастӣ худдорӣ кунанд. Ҳамчунин, ба масъалаи риояи инсоф дар хариду фурӯш ва роҳ надодан ба болоравии сунъии нархҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд: “Хусусан, риояи инсоф дар хариду фурӯши молу маҳсулот, худдорӣ кардан аз оростани дастархони серхарҷ ва истеъмоли аз меъёр зиёди хӯроки серғизо дар ин моҳ бисёр муҳим аст, зеро амалҳои зикршуда ба моҳияти ин моҳи муборак умуман созгор нестанд”.

Дар идомаи паём, бо ишора ба вазъи мураккаби ҷаҳони муосир, аз ҷумла таъсири тағйирёбии иқлим ва буҳронҳои иқтисодӣ, масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ муҳим арзёбӣ гардид. Сарвари давлат истифодаи самараноки замин, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва коҳиши вобастагӣ аз воридотро вазифаи имониву инсонии ҳар як шаҳрванд донистанд.

Ҳамзамон, ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандон, илмомӯзӣ ва касбу ҳунаромӯзии ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, таъкид гардид, ки давлат дар ин самт тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд, вале масъулияти асосӣ бар дӯши падару модарон низ мебошад.

Дар фарҷом, Президенти кишвар мардуми Тоҷикистонро ба муттаҳидиву сарҷамъӣ, ҳифзи сулҳу субот ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватан даъват намуда, фарорасии моҳи шарифи Рамазонро бори дигар табрик гуфтанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.