27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
14.02.2026 11:52

Тавофуқи Чин ва Амрико барои тавсеаи пойдори равобити дуҷониба ба рағми танишҳо

Вазоратҳои хориҷаи Чин ва Амрико ба рағми танишҳои мавҷуд миёни ду тараф, дар заминаи тавсеаи пойдори равобити дуҷониба ва тавсиаи ҳамкориҳо ба тавофуқ расиданд.

Ба гузориши хабаргузории “Киодо”, ҳамзамон бо омодагиҳои ду кишвар барои сафари Доналд Трамп, президенти Амрико ба Пекин дар моҳи апрел, Вазорати корҳои хориҷаи Чин имрӯз эълом кард, ки Ванг И, вазири корҳои хориҷаи ин кишвар ва Марко Рубио, ҳамтои амрикоии вай дар заминаи густариши пойдори равобити дуҷониба ва тавсиаи ҳамкориҳо ба тавофуқ расиданд.

Ин вазорати Ҷумҳурии мардумии Чин ба нақл аз Ванг И навишт: “То замоне ки ду тараф рӯйкарди баробарӣ, эҳтиром ва манофеи мутақобилро риоят кунанд, тарафайн метавонанд роҳҳалҳое барои рафъи нигарониҳои якдигар пайдо ва ихтилофоти худро ба дурустӣ мудирият кунанд”.

Ин дар ҳоле аст, ки Вазорати корҳои хориҷаи Амрико то кунун дар бораи ҷузъиёти ин дидор эъломи назар накардааст.

Дувумин дидори рӯ ба рӯи ин дипломатҳои воломақом, ки дар ҳошияи Конфронси амниятии солонаи Мюнхен баргузор шуд, пас аз тамоси телефонии Трамп ва Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин дар аввали ин моҳ сурат гирифт.

Пас аз ин муколама, Трамп, ки умедвор аст дар моҳи апрел бо Си Ҷинпин дидор кунад, гуфт, ки онҳо дар бораи “бисёре аз мавзуҳои муҳим” аз ҷумла тиҷорат, Тайван ва вазъияти феълии Эрон гуфтугӯ карданд.

Трамп моҳҳост, ки лаҳни худро дар бораи Чин мулоимтар карда, аммо дар ҳафтаҳои ахир давлати ӯ талошҳои худро барои эҷоди чорчӯбе бо муттаҳидон ҷиҳати коҳиши вобастагии беш аз ҳадди онҳо ба ин қудрати осиёӣ, дучандон кардааст.

Эъломи фурӯши густардаи силоҳ ба Тайван тавассути давлати Амрико дар моҳи декабр, вокуниши манфии Пекинро низ барангехт. Пекин муддаӣ аст, ки ин ҷазираи худмухтор бахше аз хоки ин кишвар аст ва дар сурати зарурӣ, ҳатто бо усули зӯр, ба хоки он вобаста хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Вазорати корҳои хориҷаи Чин, Си Ҷинпин дар ин тамоси телефонӣ таъкид кард, ки Тайван “муҳимтарин масъала” дар равобити Чин ва Амрико аст ва ин ҷазира “ҳаргиз иҷоза нахоҳад дошт аз Чин ҷудо шавад”.

Гарчи гуфта шудааст, ки Чин ва Иёлоти Муттаҳида тавофуқ карданд, ки охирин дидор “мусбат ва созанда” будааст, аммо танишҳо ҳамчунон идома дорад.

Аввали ин ҳафта, Рубио аз судури ҳукми 20 сол зиндон барои Ҷимми Лай, фаъоли демократияхоҳи Гонконг, башиддат интиқод кард ва онро “поёни ноодилона ва ғамангез” барои ин парвандаи муҳимми байналмилалӣ хонд.

Лай, мухолифи сареҳи Ҳизби коммунистии Чин, тибқи қонуни амнияти миллии тасвибшудаи Пекин, ки дар соли 2020 дар Гонконг вазъ шуд, ба ҳамкорӣ бо неруҳои хориҷӣ маҳкум шуд.

Трамп дар моҳи декабр фош кард, ки аз Си Ҷинпин хостааст озодии бунёнгузори 78-солаи рӯзномаи тарафдори демократияи “Аппл Дейли”, ки акнун таътил шудааст, баррасӣ кунад ва ба вазъияти саломатии номатлуби ӯ ишора кард.

Ба гузориши сомонаи хабарии амрикоии “Политика”, Трамп қасд дорад ҳафтаи аввали апрел аз пойтахти Чин боздид кунад. Ин нахустин сафари ӯ ба Чин аз замони оғози давраи дувуми раёсати ҷумҳуриаш дар январи 2025 хоҳад буд.

Трамп ва Си Ҷинпин охирин бор дар охирҳои октябр дар Кореяи Ҷанубӣ дидор карданд ва дар ҷараёни он бар сари оташбаси яксолаи ҷанги тиҷоратӣ байни ду иқтисоди бузурги ҷаҳон тавофуқ карданд. Онҳо дар он замон дар бораи Тайван суҳбате накарданд.

Интизор меравад Скотт Бессент, вазири хазинадории Амрико, тайи ҳафтаҳои оянда бо Ҳе Лифенг, муовини Сарвазири Чин дидор кунад, то заминаҳои лозим барои иҷлоси ояндаро фароҳам созад.

Бессент рӯзи душанбе гуфт: “Мақомоти аршади амрикоӣ ҳафтаи гузашта барои омодасозии дидори ӯ бо Ҳе аз Чин боздид карданд”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.