27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
12.02.2026 16:57

Амирхон Мутаққӣ ва Саъдӣ Шарифӣ дар бораи равобити дуҷониба дидор ва гуфтугӯ кардаанд

Амирхон Мутаққӣ, вазири корҳои хориҷаи гурӯҳи террористии Толибон ва Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул дар мавриди равобити дуҷониба гуфтугӯ кардаанд.

Вазорати корҳои хориҷаи гурӯҳи террористи Толибон рӯзи панҷшанбе бо нашри хабарномае гуфтааст, ки дар ин дидор, ду тараф дар бораи тавсеаи равобити дипломатӣ, рафтуомади ҳайатҳо ва тақвияти ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ гуфтугӯ кардаанд.

Бар асоси хабарнома, Амирхон Мутаққӣ, вазири корҳои хориҷаи гурӯҳи террористии Толибон гуфтааст, ки “Афғонистон ва Тоҷикистон ба унвони ду кишвари ҳамсоя ва бародар” бо муштаракоти фарҳангӣ ва забонии густарда метавонанд аз фурсатҳои мавҷуд барои густариши муносибатҳо дар ҳамаи сатҳҳо истифода кунанд.

Ӯ афзудааст, ки ҳеч касе наметавонад ба равобити дӯстона ва фазои эътимод миёни ду тараф осеб бирасонад ва Толибон тааҳҳуди қавӣ дар заминаи густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дорад.

Сафири Тоҷикистон низ дар бораи охирин таҳаввулот дар хусуси тавофуқоти қаблӣ миёни Кобул ва Душанбе ба вазири хориҷаи Толибон маълумот дода ва барномаҳои иқтисодӣ дар марзи муштаракро матраҳ кардааст.

Дар хабарнома омадааст, ки ду тараф дар мавриди баргузории кумитаи муштараки иқтисодӣ, тақвияти ҳамкориҳои марзӣ ва амниятӣ ва барномаҳои вазоратҳои умури хориҷаи ду тараф дар соли оянда табодули назар кардаанд.

Бояд таъкид кард, ки дар пайи нооромиҳои ахир дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, ки чанде пеш дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳона бархе кормандони як тарҳи роҳсозӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Чин, ба қатл расонида шуданд, масоили амниятии марзӣ аҳамияти бештар касб кардааст. Дар ин хусус ин манобеи Толибон мегӯяд, ки ҷонибҳо бар зарурати таҳкими ҳамкориҳои амниятӣ барои ҷилавгирӣ аз такрори чунин ҳодисаҳо таъкид кардаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.