Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Ёрии башардӯстонаи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ба Ғазза расид
10-уми феврал Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки кумаки башардӯстонаи Ҳукумати кишвар ва мардуми Тоҷикистон ба мардуми ниёзманди Ғаззаи Фаластин расонида шуд.
Ба навиштаи манбаъ, корвони ёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон шоми 8-уми феврал тариқи гузаргоҳи Рафаҳ дар марзи Мисру Фаластин бо иштироки сафири Тоҷикистон дар Миср ва намояндагони муассисаҳои хайриявии Тоҷикистон ба дохили Ғазза интиқол гардид.
Гуфта мешавад, ки кумаки Ҳукумати кишвар ва мардуми Тоҷикистон ба мардуми Ғазза аз маводи хӯрокӣ, либоси гарм, хайма ва “плёнка”-ҳои обногузар иборат буда, дар 6 мошини боркаш фиристода шуд.
Ёдовар мешпвем, ки соли гузашта Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чанд давлати дигар барои мардуми Ғазза 200 тонна орди гандумӣ ҳамчун кумаки башардӯстона фиристода буданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”