Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Асарҳои пешниҳодшуда ба Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ маълум шуданд
Асарҳое, ки дар озмун барои дарёфтӣ Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика дар соли 2026 пешбарӣ шуданд, маълум гардиданд.
Тибқи иттилои Раёсати Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, дар бахши адабиёт Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон романи “Нони шарикӣ”- Мирзо Саидзода ва «Номаи офтоб» (маҷмуаи шеърҳо)-и Давлати Раҳмониёнро пешниҳод кардааст.
Дар бахши мусиқӣ ва ҳунарнамоӣ «Чашмаи меҳр» (маҷмуаи сурудҳо)-и Исматулло Холиқов аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Дар бахши мазкур Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмуаи сурудҳои Фурқат Саидзодаро бо номи «Сози ватандорӣ» пешбарӣ намудааст. Ҳамчунин, дар ин бахш аз ҷониби Иттифоқи композиторони Тоҷикистон маҷмуаи адвор ва сабти сурудҳои солҳои 2023-2025-и Шералӣ Қосим бо номи «Меъмори Истиқлол» пешниҳод гардидааст.
Дар бахши санъати тасвирӣ ва меъморӣ Иттифоқи рассомони Тоҷикистон «Живопись. Монументальная скульптура» (китоб-албом)-и Ғафур Ҷӯраевро пешбарӣ намудааст.
Дар бахши эҷодиёти бадеӣ барои кӯдакон ва наврасон аз ҷониби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон «Хонаи мо – гулхона» (маҷмуаи шеъру манзума, чистон ва тарҷумаҳо)-и Абдусаттори Раҳмон пешниҳод шудааст.
Дар бахши журналистика «Чароғафрӯзон» (маҷмуаи очеркҳо ва қиссаҳои ҳуҷҷатӣ)-и Бахтиёр Муртазо ва Шералӣ Мӯсоро Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пешниҳод кардааст.
Дар дахши тарҷума, пажуҳиш ва тарғиби адабиёти тоҷик дар мамлакатҳои хориҷӣ Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон тарҷума ба англисӣ ва пажуҳиши асарҳои Садриддин Айнӣ «Ҷаллодони Бухоро», «Марги судхӯр», «Исёни Муқаннаъ» ва «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик», чоп дар нашриётҳои Англия, ИМА, Тоҷикистон ва рӯнамоӣ дар шаҳрҳои Лондон, Ню-Йорк ва Душанберо аз ҷониби Абдусалом Мамадназаров пешбарӣ намудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”