Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Зиёда аз ҳазор ном илова гардид. Лоиҳаи «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» ба Ҳукумат пешниҳод шуд
Бинобар иттилои Сахидод Раҳматуллозода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ», ки солҳои пеш қабул гардидааст, таҳриру такмил ёфта, ба он зиёда аз ҳазор номи ориёии тоҷикӣ илова шудааст.
Ба қавли манбаъ, лоиҳаи қарори феҳристи мазкур барои баррасӣ ва қабули қарор ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Зимни нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки давоми соли 2025 Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 379 муроҷиати шаҳрвандон оид ба номгузории фарзанд дар асоси хулосаи Комиссияи номгузории номҳои миллии назди Кумита хулоса пешниҳод намуда, гуфта мешавад, ки хулосаҳои пешниҳодшуда тибқи талаботи «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» оид ба номгузории фарзанд, ивази ному насаб ва дуруст навиштани он дар шаҳодатномаи таваллуд, шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият дода шуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”