Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Анвар Сафарзода ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъин шуд
Бо Фармони Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Анвар Сафарзода ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъин шуд.
Бояд гуфт, ки Анвар Сафарзода то ин вақт сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Мавсуф ба ҷои Абдулло Раҳмонзода, ки чанде пеш аз ин вазифа озод ва муовини раиси вилояти Хатлон дар бахши идеология таъин шуда буд, таъин гардид.
Анвар Сафарзода 41-сола буда, соли 2007 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст ва дар донишгоҳи мазкур кор карда, ба донишҷӯён дарс гуфтааст. Соли 2021 муовини сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуда, аз соли 2022 то 27-уми январи соли 2026 сардори Раёсати мазкур буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”