Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Абдураҳмон Абдураҳмонзода ва Кэтрин Смиттон ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабирро баррасӣ карданд
Имрӯз, 20-уми январ дар Душанбе вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кэтрин Смиттон вохӯрӣ кард.
Тавре ки маркази матбуотӣ Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, иқтисоди сабз, рақамикунонӣ, маориф ва идоракунии давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Иттилоъ дода мешавад, ки ҷонибҳо аз тамоюли мусбати рушди робитаҳои иқтисодӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, афзоиши назарраси гардиши савдои дуҷонибаро дар соли сипаришуда ҳамчун нишондиҳандаи муҳим таъкид карданд.
Ҳамчунин, таъкид мегардад, ки ҷонибҳо густариши содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба бозори Британияи Кабирро баррасӣ карданд.
Dialog,tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”